Давлатбек Хоҷаев (зод. 12 майи 1947, ноҳияи Файзобод) — забоншинос, доктори илмҳои филология (2004), профессор (2008). Узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, «Аълочии маорифи ҶТ» (1991)

Давлатбек Хоҷаев
Таърихи таваллуд 12 май 1947(1947-05-12) (77 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ забоншиносӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Давлатбек Хоҷаев ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ таъйин мегардад (1972). Соли 1975 аввал ассистент ва баъд муаллими калони ҳамин кафедра таъйин мегардад. Солҳои 1983—2007 дотсент ва аз соли 2008 профессори кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ, сипас кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ӯ аз шогирдону пайравони мактаби забоншинос профессор Д. Т. Тоҷиев буда, аз солҳои 70-уми асри ХХ ба таҳқиқ ва омӯзиши сохти наҳвиёти забони адабии тоҷик машғул аст. Оид ба наҳви ҷумлаҳои мураккаби тобеъ як силсила мақолаҳо ба табъ расонидааст. Давлатбек Хоҷаев солҳои 1987—1988, 1988—2000 ҷонишини садри факултет оид ба таълим буда, солҳои 2005—2007 вазифаи мудири кафедраи забони муосири тоҷикӣ, солҳои 2007—2008 садри факултети филология ва солҳои 2008—2011 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияро ба уҳда дошт.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Давлатбек Хоҷаев солҳои зиёде оид ба афкори забоншиносии классикии тоҷик таҳқиқот бурда, дар ин замина чандин мақолаю рисолаҳои судманде ба табъ расонидааст, ки аҳамияти муҳими назарӣ ва амалӣ доранд. Натиҷаҳои пажӯҳиши ӯ дар рисолаи докториаш — «Афкори забоншиносии тоҷик дар асрҳои Х-XVI» (2004) инъикос ёфтаанд. Муаллифи китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои синфи IХ мактаби таҳсилоти умумӣ, 14 дастуру рисола ва зиёда аз 120 мақола аст. Таҳти роҳбарии профессор Д. Хоҷаев 4 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, ҳоло ба ҳашт нафар аспиранту унвонҷӯ (аз он ҷумла се нафар унвонҷӯи дараҷаи илми докторӣ) роҳбарӣ менамояд.

  • Абдусалом Деҳотӣ ва баъзе масъалаҳои забони адабии тоҷик. — Душанбе, 1984;
  • Маҷмӯаи машқҳо аз синтаксис ва пунктуатсия. — Душанбе: Адиб, 1990;
  • Калиди дари ганҷ. — Душанбе: Адиб, 1990;
  • Синтаксис ва пунктуатсия. — Душанбе: Маориф, 1991;
  • Дарсҳои забони тоҷикӣ дар синфҳои IХ. — Душанбе: Маориф, 1992;
  • Хоҷа Ҳасани Нисорӣ ва афкори забоншиносии ӯ. — Душанбе: Деваштич, 2004;
  • Ташаккул ва таҳаввули илми забоншиносии форсу тоҷик дар асрҳои миёна. — Душанбе: Диловар, 1998;
  • Тарбияи ватандӯстию интернатсионалии ҷавонон. — Душанбе: Ирфон, 1988;
  • Гуфтори накӯ куҳан нагардад. — Душанбе, 2011;
  • Наҳв ва аломатгузорӣ. — Душанбе, 2012.[1]

Ҷоизаҳо

вироиш

Дорандаи нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи ҶТ» (1991), «Барои хидматҳои шоиста» (1998), «20-солагии истиқлоли Тоҷикистон», аз соли 1995 узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон мебошад

Адабиёт

вироиш
  • Миров Туёчӣ. Ҷонам фидои лафзи дарӣ //Садои Шарқ, 1992, № 3, с. 142—143;
  • Солеҳов М. Комилов Р., Саломов М., Нӯъмонпур Ш. Ҷамолат офтоби ҳар назар бод// Адаб, 1997, № 1-3, с. 35-37;
  • Хоҷаев Давлатбек. Дар китоби.: Диёри мардумони сарбаланд. — Душанбе. 1997, с. 186;
  • Олимони Донишгоҳ — Д., 1998, с. 271—272;
  • Диноршоев М., Комилов Р. Асари волоарзиш// Хоҷа Ҳасани Нисорӣ. Чаҳор гулзор. — Д., 1998, с. 115—116;
  • Оби гарм.- Д., 2006, с. 236—237;
  • Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. — Д., 2008, с. 336—337.[1]
  1. Кафедраи таърихи забон ва типология. Давлатбек Хоҷаев(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 24 май 2020 санҷида шуд.