Давлати Қарохониён
Қарохониён (форсӣ: قراخانیان), Қарахониён, Илакхониён[1][2], Оли Афросиёб (форсӣ: آل افراسیاب) — давлати қурунивустоии мусулмони турк[3][4][5][6][7][8][9] ё уйғур[10][11][12][13][14][15], ки дар солҳои 840—1211 бар бахшҳое аз Осиёи Миёна, аз ҷумла ноҳияи Испиҷоб ва навоҳии шимолию ҷанубии кӯҳҳои Тиёншон ҳукмронӣ мекарданд. Қароргоҳашон Балосоғун, Тароз, Ҳафтрӯд ва Кошғар.
Давлати Қарохониён | ||||
| ||||
---|---|---|---|---|
Пойтахт | Балосоғун ва Шаҳристони Қошғар | |||
Забон(ҳо) | форсӣ ва қарохонӣ[d] | |||
Майдон |
| |||
Шакли ҳукмронӣ | подшоҳӣ | |||
Таърих
вироишАз ибтидои асри 11 ҳуҷум ва кӯчи Қарохониён аз Ҳафтрӯду Кошғар ба Мовароуннаҳр оғоз гардид. Дар ин раванд қисми зиёди замину чарогоҳи минтақаи байни рӯдҳои Сир ва Ому ба ихтиёри қабилаҳои қарлуқ, яғмо ва чигил гузашт. Аз ин рӯ, Сомониён барои бартараф кардани тохтутози қабилаҳои турк чанд бор ба Исфиҷоб ва водии Тароз лашкар кашиданд. Соли 840 Нуҳ ибни Асад Исфиҷобро аз итоати қарлуқҳо берун овард. Соли 893 Исмоили Сомонӣ ба муқобили қарлуқҳо лашкар кашид ва ш. Тарозро соҳиб гардид. Дар натиҷаи ин иқдом истихроҷи конҳои Шалҷӣ ба ихтиёри Сомониён гузашт ва тохтутози туркон ба Мовароуннаҳр муваққатан қатъ гардид. Дар замони Нӯҳи II (976‒997) ҳуҷуми густардаи Қарохониён бо сарварии Буғрохон ба мулкҳои Сомониён оғоз ёфт (992). Ҳамзамон, онҳо барои тақсими қаламрави Сомониён бо амири Хуросон ‒ Абуалии Симҷурӣ иттиҳод бастанд. Соли 992 Буғрохон баъди ишғоли Самарқанду Бухоро ба ҷои Нӯҳи II амакаш Абдулазизро ба тахт нишонд. Баъди фавти Буғрохон (992) ҳукумати Нуҳи II дубора бар қарор гардид, вале дар замони Мансури II (997—999) ва Абдумалики II (999) бар асари муборизаҳои дохилӣ ва рақобати сипаҳсолорон мулкҳои шимолу ғарби қаламрави Сомониён ба ихтиёри Қарохониён гузаштанд. 23.10.999 Наср ибни Алӣ (999—1012) пойтахти Сомониён ‒ шаҳри Бухороро ишғол кард. Охирин намояндаи сулолаи Сомониён — Мунтасир соли 1001 Бухоро ва Самарқандро озод карда, бар зидди Қарохониён мубориза бурд. Маҳз, дар ин давра Қарохониён ва Ғазнавиён нақшаи амалиёти муштараки сарнагунсозии амирони сомониро тарҳрезӣ карданд, ки тибқи аҳдномаи ҷонибҳо рӯди Ому сарҳадди байни онҳо муайян гардид, вале баъди муддате муносибати онҳо бар сари мулкҳои Хуросон шиддат ёфт. Баъди муҳорибаи назди Балх (1008) нуфузи Ғазнавиён дар минтақа устувор ва ихтилофи миёни бародарон — Наср ва Туғонхон бо дахолати Маҳмуди Ғазнавӣ ҳаллу фасл шуд. Соли 1025 муносибати ҷонибҳо бо пайвандҳои хонаводагӣ устувор гардид.
Давлатдорӣ
вироишДавлати Қарохониён аз ҷиҳати маъмурӣ ба мулкҳои алоҳида тақсим шуда, идораи онҳо дар ихтиёри намояндагони сулолаи ҳукмрон — илоқхонҳо қарор дошт. Илоқхонҳо имтиёзи бисёр доштанд ва метавонистанд ба номи худ танга сикка зананд. Бухоро ва Самарқандро ҳокимони маҳаллӣ идора мекарданд. Соли 1041 қаламрави ҳукумати Қарохониён ба Хоқонии Шарқӣ ва Ғарбӣ ҷудо шуд. Сарзаминҳои Йеди-Су, Чу, Талас, Фарғона ва даштҳои Чингар то рӯди Иртиш ба Хоқонии Шарқӣ дохил гардиданд. Ҳамчунин, Хоқонии Шарқӣ ба мулкҳои шарқӣ (марказаш Балосоғун) ва ғарбӣ (марказаш Тароз, Кошғар) ҷудо шуд. Бузургтарин намояндаи Хоқонии Ғарбӣ Иброҳими Тамғочхон буд, ки дар замони ӯ амнияту оромиши мардум то андозае таъмин гардид. Ӯ барои мутамаркиз кардани ҳукумат ва танзими бозоргонӣ дар Мовароуннаҳр тадбир андешид. Тамғоҷхон дар охирҳои умраш ҳукуматро ба писараш Шамсулмулук супорид, вале ҳокимияти ӯ дер напоид. Баъдан Хоқонии Ғарбӣ ба 2 қисм: шарқӣ (марказаш Самарқанд) ва ғарбӣ (Бухоро) тақсим шуд. Пас аз фавти Сулаймон Арслонхон қаламрави Хоқонии Шарқиро шӯру ошӯб фаро гирифт. Дар заминаи ин нооромиҳо мулкҳои шарқии Фарғона, ҳавзаи Тошканд ва Исфиҷоб ба ихтиёри Ҳоқонии Ғарбӣ гузаштанд. Аз солҳои 60-70-уми асри 11 муносибати Қарохониён бар сари даъвои мулкҳои Тирмиз ва Балх бо Салҷуқиён сард гардид. Соли 1089 Маликшоҳи Салҷуқӣ Бухорову Самарқанд ва дигар мулкҳои Қарохониёнро ишғол кард. Қарохониён таҳти ҳимояи Салҷуқиён гузаштанд. Солҳои 30-юм ва ибтидои 40-уми асри 12 Қарохитоиён ба Мовароуннаҳр ҳамла оварда, баъди шикаст додани сипоҳи муттаҳидаи Қарохониён ва Салҷуқиён дар дашти Катвон (9.9.1141) мулкҳои Мовароуннаҳрро истило карданд. Қарохитоиён ба ҷамъоварии андоз иктифо намуда, ба корҳои дохилии Қарохониён чандон дахолат надоштанд. Дар солҳои охири давлатдории Қарохониён мулкҳои марказии Мовароуннаҳр ва Фарғона ба 2 мулки мустақил ҷудо шуданд. Соли 1212 мулкҳои Қарохониён комилан ба ихтиёри Хоразмшоҳиён гузаштанд.
Дар солҳои аввали давлатдории Қарохониён масоҳати заминҳои корами Мовароуннаҳр кам гардид, иншооти обрасони водии Зарафшон хароб шуд, савдо ва ҳунармандӣ рӯ ба таназзул овард. Шакли асосии заминдорӣ дар ин давра иқтоъ буд. Тадриҷан дар шаҳрҳо ҳунармандӣ инкишоф ёфта, ба ривоҷи савдои дохилию берунӣ таъсири мусбат расонд. Дар ин давра Самарқанд 100 ҳазор ва Бухоро 70 ҳазор аҳолӣ дошт. Соли 1127 дар Бухоро Манораи Калон, солҳои 1152-87 дар Ӯзганд чанд мақбара бунёд гардид. Рақобати дохилии Қарохониён ба инкишофи илму фарҳанг низ таъсири манфӣ расонд, бисёр шоирону нависандагон, олимони Мовароуннаҳр ба ш-ҳои Хуросон фирор карданд. Илму фарҳанг аз замони ҳукмронии Иброҳими Тамғоҷхон ривоҷ ёфт. Ба қавли Низомии Арӯзии Самарқандӣ, дар дарбори Тамғоҷхон шоирону нависандагони машҳури замон ҷамъ омада буданд. Муаррих Муҳаммад ибни Аднон, олимон Юсуфи Балосоғунӣ ва Маҳмуди Кошғарӣ дар замони Қарохониён зиндагӣ ва эҷод карданд. Дар аҳди Қарохониён тақр. 20 зарробхона амал мекард. Бузургтарин зарробхонаҳои Мовароуннаҳр дар Ахсикат, Ӯзганд, Хуҷанд, Уструшана, Бухоро, Самарқанд ҷойгир буданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин ганҷинаи сиккаҳои қарохонӣ ёфт шуданд. Дар рӯи сиккаҳо калимаи шаҳодат, солу макони барориш ва дар пушташон ояти Қуръон, ном ё лақаби хоқон ҳаккокӣ шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ ILAK-KHANIDS(англ.). iranicaonline.org. Encyclopaedia Iranica Foundation. 15 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Golden, Peter. B. (1990), "The Karakhanids and Early Islam", in Sinor, Denis, The Cambridge History of Early Inner Asia, Cambridge University Press, p. 354, ISBN 0-521-2-4304-1
- ↑ Бартольд В. Сочинения. т.1 М., 1963, с.27
- ↑ Findley, Carter Vaughn. The Turks in world history. Oxford University Press, 2004, p.75
- ↑ Кляшторный, С. Г., Султанов Т.И. Государства и народы Евразийских степей: от древности к Новому времени. Санкт-Петербург: Петербургское востоковедение." 2009, с.136.
- ↑ Tang, Li, and Dietmar W. Winkler, eds. Silk Road Traces: Studies on Syriac Christianity in China and Central Asia. Vol. 21. LIT Verlag Münster, 2022, p.204
- ↑ Golden, Peter B. An introduction to the history of the Turkic peoples. Ethnogenesis and state-formation in Medieval and Early Modern Eurasia and the Middle East . 1992, p.167
- ↑ Баскаков, Н.А. Введение в изучение тюркских языков. М., 1969, с.167
- ↑ Dilnoza Duturaeva. Qarakhanid Roads to China A History of Sino-Turkic Relations. — 2022. — С. 14.
- ↑ David Brophy. Uyghur Nation: Reform and Revolution on the Russia- China Frontier. — 2016. — С. 143.
- ↑ E.DENISON ROSS. Tarikh-I-Rashidi or History of Moghuls of Central Asia. — 1895. — С. 94—94.
- ↑ Пилипчук Я. В. Формирование Караханидского каганата. — 2019. — С. 215.
- ↑ Dilnoza Duturaeva. Qarakhanid Roads to China A History of Sino-Turkic Relations. — 2022. — С. 13.
- ↑ Jeff Eden. Warrior Saints of Silk Road: Legends of the Qarakhanids. — С. 18.
- ↑ В.В.Бартольд. Академик В.В.Бартольд. Сочинения. Том V Работы по истории и филологии тюркских и монгольских народов / А.Н.Кононов. — Москва: Наука, 1968. — С. 71.
Адабиёт
вироиш- Қарохониён / Ҳ. Камол // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.