Давлаталӣ Убайдуллоев

(Тағйири масир аз Давлат Убайдуллоев)

Давлаталӣ Убайдуллоев (8 октябри 1954, деҳаи Ҳулбук, ноҳияи Кӯлоб) — ҳунарпеша ва коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1997), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2011), доран­даи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (2021)

Давлаталӣ Убайдуллоев
Давлат Убайдуллоев
Таърихи таваллуд: 8 октябр 1954(1954-10-08) (70 сол)
Касб: ҳунарпеша
Ҷоизаҳо:

Зиндагиннома

вироиш

Фориғуттаҳсили Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон (1976) ва Институти давлатии театр, мусиқӣ ва кинои Ленинград (1986) аст.

Корнома

вироиш

Дар театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ва театри «Аҳорун» кор кардааст. Ҳамчун актёр дар спектаклҳои «Вақте ки шаҳр хуфта буд», «Бозиҳои бераҳмона», «Юсуфи гумгашта…» ва ғайраҳо нақш бозидааст. Дар озмуни минтақавии театрҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон — «Наврӯз» (1995) беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардона дониста шудааст. Ба ҳайси коргардон ҳам тавфиқ ёфта, чандин намоишнома, аз қабили «Мири Кабир», «Паёми Зардушт», «Дон Жуан» рӯи саҳна овардааст. Бо намоишномаҳои таҳиякардааш ба Эрон, Русия, Белгия, Лаҳистон, Фаронса ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додааст. Дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода аз маҳорати актёрӣ дарс гуфтааст.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.