Давраҳои мурофиаи гражданӣ

Давраҳои мурофиаи гражданӣ — давра дар мурофиаи гражданӣ маҷмӯи амалиётҳои ба ҳам алоқаманд аст, ки барои ба даст овардани мақсади наздиктарин равона шудаанд.

Дар мурофиаи гражданӣ ҳафт давра мавҷуд аст:

  1. Оғоз намудани парвандаи гражданӣ.
  2. Тайёр намудани парвандаи гражданӣ ба муҳокимаи судӣ.
  3. Муҳокимаи судии парвандаи гражданӣ.
  4. Истеҳсолот дар суди инстансияи касатсионӣ.
  5. Истеҳсолот дар суди инстансияи назоратӣ.
  6. Истеҳсолот аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда.
  7. Истеҳсолоти иҷрокунӣ.

Мафҳуми далелҳо дар мурофиаи гражданӣ аз мафҳуми далелҳо дар мурофиаи ҷиноятӣ моҳиятан фарқ накарда, махсусият дорад. Мутобиқи м.57 КМГ маълумотҳои воқеа, ки дар асоси онҳо суд аз рӯи тартиби муайянкардаи қонун мавҷудият ё набудани ҳолатҳои асосноккуиандаи талабҳо ва норозигии тарафҳоро ва ҳолатҳои дигари барои ҳалли дурусти кор аҳамиятнокро муқаррар мекунад, далелҳо оид ба парвандаи гражданӣ мсбошанд. Мавҷудият ё набудани ҳолатҳои асосноккунандаи талабҳои шахсони сеюм, прокурор, мақомоти давлатӣ, мақомотм худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандони ҷудогона ннз ҳангоми мутобиқик.2, м.5 КМГ дар мурофиаи гражданӣ иштирок намудани онҳо бо далелҳо исбот карла мешаваид. Сарчашмаи маълумотҳои воқей дар мурофиаи гражданӣ инҳоянд: нишондоди тарафҳо ва шахсони сеюм, баёноти шоҳидон, далелҳои хаттӣ, далелҳои ашёй ва хулосаи экспертҳо. Таҳлили қонунгузории мурофиавии гражданӣ нишон медиҳад, ки (қ.2 м.57 КМГ) нишондоди шахсони сеюм ва шахсони дигари иштирокчни парванда, хулосаи мақомоти идораи давлатӣ новобаста аз он ки қ.2 м.57 КМГ онҳоро ба инобат нагирифтааст, воситаҳои исботкунӣ ҳисоб мешаванд.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. – Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 139-140