Ҳолатҳои нав ошкоршуда
Ҳолатҳои нав ошкоршуда — он ҳолатҳоеро меноманд, ки пас аз қувваи қонунӣ гирифтани ҳукми суд ошкор шудааст.
Қонуни мурофиаи ҷиноятӣ чунин ҳолатҳоро ба сифати ҳолатҳои нав ошкоршуда эътироф кардааст:
- Агар дидаю дониста баёноти бардурӯғ додани ҷабрдида, шоҳид ё дидаю дониста фикру хулосаи бардурӯғ додани эксперт, ннчунин қалбакӣ будани далелҳои шайъй, протоколҳо, ҳаракатҳои тафтишотӣ ва судӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ё дидаю дониста бардурӯғ тарҷума кардан, ки боиси баровардани ҳукми беасос ё ғайриқонунӣ гардида ва бо ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд муқаррар карда шудааст;
- Сӯиистеъмолкуниҳои ҷинояткоронаи судяҳо дар вақти дида баромадани ҳамин кор, ки бо ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд муқаррар карда шудааст;
- Сӯиистеъмолкуннҳои ҷинояткоронаи шахсоне, ки доир ба парванда тафтишот гузарониданд, ин сӯиистеъмолкуниҳо боиси бароварда шудани ҳукм ё таъйиноти беасос ва ғайриқонунии суд дар барои қатъ кардани парванда гардидаанду бо ҳукми ба қувваи қонунӣ даромада муқаррар карда шудаанд;
- Дигар хел ҳолатҳое, ки ба суд дар вақти баровардани ҳукм ё таъйинот номаълум буданду онҳо худашон танҳо ё бо якҷоягии ҳолатҳои пеш муайянкардашуда бегуноҳии маҳкумшуда ё худ назар ба ҷинояте, ки барои он маҳкум карда шудааст, ҷинояти сабуктар ё вазнинтар содир кардани ӯро исбот мекунанд ва ҳамчунин гунаҳкории шахси сафед кардашуда ё шахсеро, ки дар ҳаққи ӯ парванда қатъ карда шудааст, исбот мекунанд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 514