Дайр
Дайр (ар. دير, аз оромӣ/сурёнии dar – хона) ё савмаъа (ар. صومعه — як шакли танзими ҳаёти ҷамоаи роҳибон, инчунин маҷмааи иқоматгоҳ ва парастишгоҳи онҳо.
Навъҳои дайр
вироишДар дайр диндороне зиндагӣ ва фаъолият менамоянд, ки бо мақсади такомули рӯҳониву ахлоқӣ ва қонеъ гардонидани ниёзҳои эътиқодии худ тарзи ҳаёти зоҳидонаро ихтиёр кардаанд. Дайрҳо занона, мардона ва ё муштарак мешаванд.
Таърих
вироишКуҳантарин Дайрҳо дар буддоия миёнаҳои ҳазораи 1 то милод дар Ҳиндустон пайдо шудаанд, ки аз ҷамоаи зоҳидони овораи бештар дар ғорҳо паноҳбаранда иборат буданд. Сипас Дайрҳои буддоӣ дар Бирма ва Таиланд (асрҳои 2–3), Ветнам ва Хитой (асри 4), Корея ва Ҷопон (асрҳои 6–8), Индонезия (асри 7) зуҳур карданд. Минбаъд бинобар қувват гирифтани ҳиндуия дар Ҳиндустон, конфутсийгароӣ ва синтоия дар Ҷопон, конфутсийгароӣ дар Хитой нуфуз ва шумораи Дайрҳои буддоӣ дар ин кишварҳо хеле коҳиш ёфт. Дайр дар Тибет, Муғулистон ва дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ, ки буддоия дар шакли ламаия интишор ёфта буд, нақши барҷаста дошт.
Дайрҳои масеҳӣ
вироишДайрҳои масеҳӣ нахуст ҳамчун паноҳгоҳи зоҳидони овора дар Миср (асрҳои 3–4) ва аз садаи IV ҳамчун маъвои ҷамоаи зоҳидон пайдо шуданд. Асрҳои 4–5 Д.-ҳо дар Фаластину Шом ва сипас дар тамоми ҳавзаи баҳри Миёназамин густариш ёфтанд. Дайрҳо дар асрҳои миёна аз ҳисоби заминҳои деҳқонон заминдори калон гашта, дар ҳаёти сиёсии давлат фаъолона ширкат мекарданд. Дар ин давра мулкҳои хусусии баъзе Ддайрҳо ба садҳо ҳазор га мерасид. Масалан, дар садаи IX дайрҳои фаронсавии Сен-Жермен-де-Пре 430 ҳазор га, Сен-Мартен 810 ҳазор га замин доштанд. Дар заминаи дайрҳои католикӣ силсилаҳои роҳибӣ пайдо шуданд, ки дар асрҳои 12–13 дар ҷангҳои салибӣ ба салибдорон мадад мекарданд. Дар давраи Реформатсия дар кишварҳое, ки протестантизм интишор ёфта буд, раҳбоният аз байн бурда шуд; дайрҳои католикиро баста, мулкҳои онҳоро аз тобеияташон озод карданд. Дар давраи инқилобҳои буржуазии асрҳои 18–19, хусусан Инқилоби бузурги Фаронса низ, ба дайрҳо зарбаи шадид зада шуд. То соли 1917 дар Русия 1025 дайрҳои православӣ мавҷуд буд, ки қариб 100 ҳазор роҳибу роҳиба ва ихлосманд дошт. Соли 1910 дайрҳо 739 ҳазор даҳяки замин дар 50 губернияи Русия доштанд, ки аз онҳо фоидаи калони молиявӣ ба даст меоварданд. Тибқи маълумоти расмӣ, солҳои 70 садаи XX дар ҷаҳон 25 ҳазор дайри мардона ва 100 ҳазор Дайри занона мавҷуд буд, ки 10–20 нафар бошанда доштанд. Дар бисёр кишварҳои муосир дайрҳо ҳамчун воҳиди мустақили хоҷагӣ-иқтисодӣ мақоми худро аз даст додаанд; мулкҳои азими онҳо барҳам дода, маҳдуд ва ё мусодира карда шуданд ва шумораи бошандагонашон низ хеле коста гардида, баъзеашон аз байн рафтаанд.
Сохтмони дайрҳо
вироишДар силсилаи таълифоти мавсум ба «Диёрот»-и муаллифони исломӣ (Ҳишом ибни Муҳаммади Калбӣ, Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Рафои Мавсилӣ, Абубакр Муҳаммад ва Абуусмони Холидӣ, Шамшодӣ, Шобаштӣ ва дигарон) дар бораи дайрҳо маълумоти муфассал дода шудааст, ки онро минбаъд таърихнависон (Бакрӣ, Ёқути Ҳамавӣ, Ибни Фазлуллоҳ ва дигарон) дар осори худ истифода бурдаанд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои мазкур дайрҳои дар минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ ё биёбонӣ, дар қуллаи кӯҳҳо сохташуда тарҳи сода доштанд, аммо дайрҳои дар наздикии шаҳрҳо, канори рӯдҳо бунёдшуда маъмулан шомили чандин бино (калисо, ҳуҷраҳо, мағозаҳо, корвонсаройҳо) буданд. Дайрҳо киштзору боғҳо (токзор, нахлистон, боғи зайтун) доштанд, ки дар баробари даромад овардан ниёзи сокинони онҳоро низ таъмин мекарданд. Ҳуҷраҳои дайрҳо аз утоқҳои ибодати хусусии роҳибон, хӯрокхӯрӣ, нигаҳдории амонатҳо ва ҳадяҳо, шаробсозӣ, китобхона ва ғайра иборат буданд. Дайр бештар ба номи ягон қиддис (Дайри Мор Юҳанно дар наздикии Тикрити Ироқ, Дайри Самъон дар Шом), бунёдгузори (дайри Абдун дар Ироқ), шаҳр ё деҳе, ки дар наздикии он сохта шуда буд (Русофа дар Шом), номгузорӣ мегардид.
Дайрҳо дар аҳди ислом
вироишДар аҳди ислом барои дайрҳо ва роҳибони сокини он қоидаҳои махсус муқаррар гардид, ки ин амр ба таҳаммулгароии мусулмонон дар муносибат бо аҳли динҳои дигар далолат менамояд. Аз ҷумла, роҳибон аз пардохти ҷизя озод буданд, аз ин рӯ, шумораи зиёди мардум бо мақсади раҳоӣ ёфтан аз пардохти мол деҳаҳои худро тарк карда, ба маслаки роҳибон ворид мешуданд. Дайрҳо дар густариши илму фарҳанги юнонӣ тавассути тарҷумаи онҳо ба сурёнӣ ва арабӣ нақши барҷаста доштанд. Дайрҳо меҳмонхона низ доштанд, ки дар он мусофирон, баъзан раҳгузарони шабмонда, аз ҷумла, шикорчиён, маскан гузида, мавриди пазироӣ қарор мегирифтанд. Яке аз вазифаҳои дигари дайрҳо парастории беморон, аз ҷумла, гирифторони бемориҳои рӯҳӣ ва сил буд. Тирашавии муносибатҳои миёни мусулмонону масеҳиён дар ҷангҳои салибӣ боиси аз байн рафтани бисёр дайрҳо дар кишварҳои исломӣ гардида бошад ҳам, бо вуҷуди ин шумори зиёди онҳо дар ин сарзаминҳо маҳфуз монда, то кунун фаъолият доранд.
Адабиёт
вироиш- Будовниц И. У. Монастыри на Руси и борьба с ними крестьян в XIV–XVI вв. М., 1966;
- Мец А. Мусульманский ренессанс. М., 1966;
- Религиоведение: словарь. М., 2007;
- شابشتي علي محمد. الديارات. بيروت، 1986؛
- حبيب زيّات. الديارات النصرانية في الاسلام. بيروت، 1999؛
- دانشنامۀ جهان اسلام. جلد 18. تهران، 1392 ش.1
Сарчашма
вироиш- Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |