Далер Почоҷонов
Далер Почоҷонов ( 3 апрел]] 1937) — заминшинос, доктори илмҳои геология ва минералогия (1975). Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1993). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1992). Аълочии маорифи ИҶШС. Ихтироъкори ИҶШС (1975). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2011).[1] Барандаи ҷоизаи «Ситораи муштаракулманофеъ»-и Иттиҳоди давтлатҳои мустақил дар соҳаи илму маориф (2014)[2]
Далер Набиҷонович Почоҷонов | |
Таърихи таваллуд | 3 апрел 1937 (87 сол) |
Фазои илмӣ | олим |
Зиндагинома
вироишДонишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносовро хатм кардааст (1959), ихтисос — «химия». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: геохимияи унсурҳои нодир ва пароканда дар раванди русуб, химияи аналитикӣ.
- Котиби илмӣ (1964—1967),
- мудири Озмоишгоҳи геохимия ва химияи аналитикӣ АИ ҶШС Тоҷикистон (1965 — то имрӯз),
- муовини директори (1971—1978) Институти химияи ба номи В. И. Никитини АИ ҶШС Тоҷикистон,
- роҳбари Маркази аналитикии АИ Тоҷикистон (1985—1995),
- президенти Академияи хурди илмҳо (1985—1999),
- академик-котиби Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия ва геологӣ АИ Тоҷикистон (1995—2000),
- ҳамраиси Барномаи сохтани шабакаҳои компютерии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо васл ба Интернет (1996 — то имрӯз).
Ҷоизаҳо
вироиш- Медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»,
- «Ветерани меҳнат» (1988),
- Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.
- Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1992).
- Аълочии маорифи ИҶШС.
- Ихтироъкори ИҶШС (1975).
- Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2011).[3]
- Барандаи ҷоизаи «Ситораи муштаракулманофеъ»-и Иттиҳоди давтлатҳои мустақил дар соҳаи илму маориф (2014)
Эзоҳ
вироиш- ↑ Аъзои пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ , аз соли 1951. 17 ноябри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 сентябри 2017.
- ↑ Академик Далер Почоҷонов дар Русия ҷоиза гирифт
- ↑ Аъзои пайвасти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ.. 17 ноябри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 сентябри 2017.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |