Даосизм (чинӣ: 道教, dàojiào) — таълимот дар бораи дао ё «роҳи чизҳо», таълимоти миллии чин, ба элементи дин ва фалсафа дохил мешавад.[1][2].

Нависти хати чинӣ иероглиф Дао

Файласуфи Чинӣ асосгузори досизм, - Лао-Сзи тақрибан дар асрҳои VI — V то мелод зиндагӣ кардааст. Солҳои аниқи таваллуд ва марги ӯ маълум нест, мувофиқи ривоят модараш ӯро солҳои тӯлонӣ дар батни худ гирифта гашта, пир таваллуд кардааст, иероглифи Лао-Сзи ҳам чун «кӯдаки пир», ва ҳам чун «файласуфи пир» хонда мешавад. Мувофиқи ҳамин ривоят Лао-Сзи дар аввал ба сифати амалдор ба давлат хидмат мекард. Дар солҳои ҷангу нооромӣ ӯ хидмати давлатиро тарк карда, ихтиёри гӯшанишинӣ мекунад ва бо ин мақсад ҷои камодам, мавзеи кӯҳистони ғарбии Чинро маъвои зист қарор медиҳад. Дар он ҷо ӯ андешаҳояшро дар рисолае баён менамояд, ки он «Дао Дэ сзин» (Таълимот дар бораи Дао) ном дошт. Дар ин рисола, ки аз 5000 иероглиф (дар ин ҷо калима) иборат буд, ақидаҳои фалсафии ӯ дар бораи олам, сохтори он ва андешаи ӯ барои инсон ва мақсади ҳаёти он баён шудааст. Мувофиқи таълимоти Лао-Сзи — Дао қонуни ломакон (ҳар ҷо ҳозир, ҳамаро фарогиранда) мебошад, ки табиат, ҷомеа ва ҳаёти одамонро идора мекунад. Дао ибтидои замину осмон буда, асоси ҳамаи ашёҳо мебошад. Дао қонуни махфии олам аст, он беҳудуд, бешакл ва беном мебошад. Дао дар олам чун мутаносибияти «Ин» ва «Ян» ва низоми 5-унсур (хок, ҳаво, об, оташ, фулузот), ошкор мегардад. Дар рафтори инсон Дао бо воситаи Дэ, яъне накӯкорӣ арзи вуҷуд мекунад. Мувофиқи таълимоти доасизм агар Дао ҳамаро офарад, пас Дэ ҳамаро парвариш мекунад (мехӯронад). Лао-Сзи бар зидди пуршӯру шарӣ, пурҷӯшу хурӯшӣ мубориза бурда, оромию осоиштагӣ, хотирҷамиро ҳолати беҳтарини инсон медонад. Накӯкор ором ва осуда аст, мегӯяд ӯ. Вале осудагии Лао-Сзи ин дунёбезорӣ, гӯшанишинӣ нест, ӯ ҳаёт ва лаззатҳои онро дӯст медорад, зиндагиро ганҷи бебаҳо меҳисобад ва инсонро даъват менамояд, ки барои хуштар ва беҳтар гузаронидани умр кӯшиш намояд. Ҷӯшу хурӯш бесару сомониро, оромию осудагӣ бошад, тартибу низомро дар олам меофарад. Ҳангоми осудагӣ мо ба ҳаракату гардиши табиии ашёҳо ҳамовоз мешавем, яъне ба сӯи Дао бармегардем, мегӯяд ӯ. Даосҳо - пайравони Лао-сзи таълим медиҳанд, ки одамон бояд барои дарозумр, хушбахт шудан кӯшиш намоянд, накӯкорӣ, дарозумрӣ ва хушбахтиро меорад, мегӯянд онҳо. Ба ақидаи Даосҳо инсон намемирад, балки ҳангоми марг бо Дао меомезад, яъне ба ҳолати табииаш бармегардад. Даосҳо зиндагиро неъмати бебаҳо ҳисобида дарозумрӣ ва ҳаёти абадиро ба даст оварданӣ мешуданд. Дар асотири даосҳо чунин ривояте ҳаст, ки гӯё дар боғи олиҳа Сиванму дарахти шафтолуе ҳаст, ки дар ҳар се ҳазор сол гул мекунад ва мева меоварад, шахсе, ки аз ин мева чашад ҳаёти абадиро ба даст меорад. Даосҳо барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ ба кимиё машғул шуда, таҷрибаҳои зиёдӣ кимиёвӣ мегузаронанд, доруҳои гуногуну рустаниҳои шифобахшро кашф мекарданд, - чой, женшен (одамгиёҳ), борут, муолиҷа бо сӯзан аз ихтирооти даосҳо мебошад. Дар таълимоти даосҳо илм мақоми махсусро ишғол мекунад. Воситаи асосии ба даст овардани абадият, мувофиқи таълимоти даосҳо, корҳои нек мебошад, барои бо ин восита ба даст овардани абадият одам бояд зиёда аз ҳазор амалҳои некро содир намояд. Муносибати даосҳо бо марг аҷиб мебошад, онҳо мегӯянд, ки марг вуҷуд надорад баъд аз даргузашт одам нест намешавад, балки ба ҳолати пештарааш бармегардад, яъне бо Дао меомезад, дар айни замон онҳо роҳҳои гурехтан аз маргро меҷӯянд. Таълимоти даосҳо, ки одамони зиёдеро ба худ ҷалб менамуд, бисёр вақт даосҳо якҷоя бо оммаҳои халқ барои ҳаёти беҳтар мубориза мебурданд. Ҷаҳонбинии даосҳо аксаран идеологияи халқи адолатҷӯ буд, ҷамъиятҳои махфии «Роҳи баробарии бузург», «Таълимоти нилуфари сафед» аз тарафи даосҳо ташкил карда шуданд. Шӯриши деҳқонони Чин, ки бо номи «сарбандҳои зард» машҳур буд, дар зери роҳбарии даосҳо гузаштааст. Даосҳо ғояҳои баробарии умум ва адолати иҷтимоиро талқин намуда, пешсафи муборизаи оммаҳои халқ буданд. Даосҳо дайр (монастир) – ҳои худро дар саросари Чин доштанд, дар ин дайрҳо на танҳо ба таълимоти рӯҳӣ инчунин ба машқҳои ҷисмонию ҳарбӣ диққати калон медоданд. Онҳо ба одамон ҳамчун табиб, дорусоз, фолбин хидмат менамуданд ва дар байни меҳнаткашон тарафдорони зиёде доштанд Лао Сзи ҳаргиз таълимоти худро дин наҳисобидааст. Вале чиниён ҳам фалсафаи ӯ ва ҳам шахсияти ӯро муқаддас эълон карда парастиш менамоянд. Дини даосҳо аз қаъри ҷаҳонбинии халқи одӣ баромада, ақидаҳои анимистиро ифода менамуданд. Парастиши осмон, парастиши ҳакимони бузург, парастиши ниёгон, ҷузҳои эътиқоди динии даосҳо буданд. Даосҳо ба ҷазою сазо дар охират боварӣ доштанд рӯҳи одамони гунаҳкор ба ақидаи онҳо ба олами рӯҳҳои бад мераваду рӯҳи одамони накӯкор ба осмон. Дар асри II мелодӣ ҷараёни даосии «Роҳи устодони осмонӣ» ба вуҷуд меояд, ки асосгузори он - Чжан Даолин буд. Ў худро давомдиҳандаи роҳи Лао Сзи ҳисобида унвони «муаллими осмони» - ро дошт, ки он меросӣ буда то ҳоло ба авлодони Чжан дода мешавад. Солҳои 50-уми асри ХХ даосҳо ба таъқиби давлати Чин гирифтор шуданд ва аксар ба ҷазираи Тайван, ки берун аз қаламрави Чин буд, кӯчиданд. Соҳои 80 бошад даосизм аз нав ривоҷ ёфт. Даосҳо – пайравони Лао Сзи то ҳол вуҷуд доранд онҳо ба 24-ҷамоат муттаҳид мебошанд, ки ба онҳо усқуфҳо роҳбарӣ менамоянд, сардори ҳамаи онҳо папаи даосҳо мебошад, ки дар Тайван зиндагӣ менамояд.

Ҳамчунин нигаред

вироиш
  1. Даосизм // Большой толковый словарь по культурологии. Кононенко Б. И. 2003.
  2. Даосизм // Большой Энциклопедический словарь. — 2000.// Большой Энциклопедический словарь. 2000

Адабиёт

вироиш
  • Бондаренко Ю. Я. Этика парадоксов [: очерк этики и философии даосизма]. — М.: Знание, [1992]. — 62, [1] с. — ISBN 5-07-002544-9.
  • Вэнь Цзянь, Горобец Л. А. Даосизм в современном Китае. [: Монография]. — Благовещенск: Изд. АмГУ, 2002. — 210 с. — ISBN 5-85803-306-6; — 2-е изд.: СПб.: Петербургское востоковедение, 2005. — 160 с. — ISBN 5-85803-306-6.
  • Гомулин А. Л. Рецензия на главу «Даосизм» 2-го тома «Истории Китая» // Общество и государство в Китае: 44-я научная конференция. — М.: ИВ РАН, 2014. — Т. XLIV. Ч. 2. — 900 с. — С. 584—599. — (Учёные записки ИВ РАН. Отдела Китая. Вып. 15.)
  • Кобзев А. И. Ван Янмин и даосизм // Дао и даосизм в Китае / Отв. ред. Л. С. Васильев. — М.: Наука, 1982. — 289 с. — С.80-106.
  • Лукьянов А. Е. Древнекитайская философия: Курс лекций. Часть II. Философия даосизма. — М.: ИДВ РАН, 2015. — 546 с. — ISBN 978-5-905379-73-4.
  • Маслов А. А. Даосские символы Бойгонӣ шудааст 4 октябри 2022  сол. // Маслов А. А. Китай: колокольца в пыли. Странствия мага и интеллектуала. — М.: Алетейя, 2003. — С.70-82. — ISBN 5-89321-117-0.
  • Масперо А. Даосизм. — СПб.: Наука, 2007. — 294 с. — ISBN 978-5-02-026924-8.
  • Мышинский, А. Л. Проблемы раннего даосизма в отечественной историко-философской литературе. Автореферат диссертации… к. филос. н. Екатеринбург, 1996.
  • Стулова Э. С. Даосская практика достижения бессмертия // Из истории традиционной китайской идеологии. — М.: Наука, ГЛВР, 1984. — С.230-270. — (Культура народов Востока).
  • Ткаченко Г. А. Даосизм и школа имён в традиции древнекитайской мысли // Методологические и мировоззренческие проблемы истории философии стран Востока [ В 2 ч.] / Отв. ред. М. Т. Степанянц. — М. : ИФАН, 1986. — Ч.I. — 89 с.
  • Торчинов Е. А. Алхимия и ритуал в даосизме: к постановке проблемы // XVI Научная конференция «Общество и государство в Китае». М., 1985. — Ч.1. — С.96-101.
  • Торчинов Е. А. Даосизм. Опыт историко-религиоведческого описания. — СПб.: Андреев и сыновья, 1993. — 310 с. — (Мудрость веков). — ISBN 5-87452-042-2. — 2-е изд.: СПб.: Лань, 1998. — 448 с. — ISBN 5-8114-0015-2.
  • Торчинов Е. А. Даосизм(пайванди дастнорас). «Дао-дэ цзин» / Предисл. пер. с кит., коммент. — СПб.: Петербургское Востоковедение, 1999. — 288 с. — (Мир Востока, 1). — ISBN 5-85803-130-7; 2-е изд. : СПб.: Азбука-классика; Петербургское Востоковедение, 2004. — 256 с. — (Мир Востока). — ISBN 5-85803-257-5, ISBN 5-352-00648-4
  • Торчинов Е. А. Даосизм: Пути обретения бессмертия. — СПб.: Азбука-классика, Петербургское Востоковедение, 2007. — (Academia). — ISBN 978-5-352-02178-1, ISBN 978-5-85803-350-9
  • Торчинов Е. А. Даосские практики. 2001. — ISBN 5-85803-159-5; — 2-е изд.: СПб.: Азбука-классика; Петербургское Востоковедение, 2004. — 256 с. — (Мир Востока); — 3-е изд.: Даосские практики: Путь золота и киновари. — СПб.: Азбука-классика; Петербургское Востоковедение, 2007. — ISBN 978-5-85803-351-6, ISBN 978-5-352-02179-8
  • Филонов С. В. Вехи отечественной историографии в изучении даосизма // Россия и Восток: Основные тенденции социально-экономического и политического развития: Тезисы докладов к общероссийской научно-методической конференции. — Ярославль: Изд. ЯрГУ, 1998. — С.64-66.
  • Филонов С. В. Ранний даосизм: поиск методологической целостности // Религиоведение (журнал). — 2009. — № 3. — С. 56—69. — ISSN 2072-8662. Архивировано из первоисточника 25 ноябри 2011.
  • Шкуркин П. В. Очерк даосизма: Даосизм. Ба Сянь // Вестник Азии. — 1925. — № 53. — С.121-125.

на английском языке :

Пайвандҳо

вироиш