Даравшдӯзӣ, Йирмадӯзӣ, юрмадӯзӣ

Усули нақшдӯзӣ дар матоъ, ки бо даравш иҷро мешавад. Ба матоъи пахтагин нақши матлубро мекашанд ва матоъро ба чамбарак бо ресмон гирд ба гирдаш дўхта, маҳкам мекунанд. Сипас мисли дукони зардўзӣ гузошта, ё ба мисли даф сари зону гузошта, бо даравш риштаҳои рангаро мутобиқи нақш аз ду тарафи матоъ гузаронида, гулдўзӣ мекунанд. Дар вилояти Суғд, водии Ҳисор, вилояти Хатлон нимфаъол аст.[1] Одатан усули даравшдӯзӣ, (йирмадӯзӣ, юрмадӯзӣ) дар либоси занона истифода бурда мешуд.

Адабиёт

вироиш

1. Сухарева О.А. Сузани. Средне-азиатская декоративная вышивка. Ташкент. 2013. С.26.

2. Искандарова М. Зебу зинати арўсони Ҳисор. Д., 2006.

Нигаред низ

вироиш
  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 120