Дарахткуш
Дарахткуш[1], арборисид (аз лот. arbor — дарахт ва ceado — маҳв мекунам) — моддае шимиёӣ, ки аз он барои аз байн бурдани дарахтҳову дарахтчаҳо истифода мешавад.
Ба сифати арборисидҳо бештар эфирҳои кислотаи 2,4 — дихлорфеноксиатсетат (2,4 — Д) ва кислотаи 2, 4, 5 — трихлорфеноксиатсетат (2, 4, 5 — Т) ё омехтаи онҳо ба кор мераванд. Фаъолияти гербисидии кислотаи 2, 4 — дихлорфенилатсетат, ки асосан ба растаниҳои дупаллагӣ таъсир менамояд, соли 1940 ошкор шудааст. Вобаста ба синни растаниҳо ба ҳар га 2 — 50 кг дору сарф мешавад. Хоса пиклоран (кислотаи 3, 5, 6 — трихлораминопиколин) манфиати бештар дорад. Онро ба ҳар га 2 кг мепошанд. Арборисидҳоро ба ҷангалзор, кундаи дарахтон, рӯи замин пошидан мумкин аст. Барои нест кардани дарахтони пӯсташон тунук арборисидҳоро ба пояи растанӣ ё ҷойи ҳалқашакл буридаи он мепошанд. Муҳлати беҳтарини истифодаи арборисидҳо баҳор — нимаи якуми тобистон аст. Арборисидҳоро ба ҷойи буридаи танаи дарахтони қутрашон то 15 см бо лиф мемоланд. Барои нест кардани бехҷасти буттаву дарахтон нимаи аввали тобистон ба ҳар га 1000 — 2000л маҳлули обии сулфамати аммоний (100—200 кг/га вобаста ба моддаи таъсирбахш) пошидан лозим. Истифодаи арборисидҳо хароҷотро кам ва маҳсули корро афзун мегардонад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ. Дарахткуш чист? Маънии дарахткуш(тоҷ.). vazhaju.tj. Вожаҷӯ. 5 Январ 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Арборисидҳо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.