Дарбанд

маркази ноҳияи Нуробод

Дарбáнд (то 14 майи 1999 шаҳраки Комсомолобод) — шаҳрак, маркази маъмурии ҷамоати шаҳраки Дарбанд ва маркази маъмурии ноҳияи Нурободи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрак
Дарбанд
Кишвар

Тоҷикистон

Вилоят

НТҶ

Ноҳия

Ноҳияи Нуробод

Шаҳрак

Дарбанд

Координатаҳо

38°52′04″ а. шим. 69°57′37″ т. ш.HGЯO

Забони расмӣ

тоҷикӣ

Аҳолӣ

1849 нафар (2017)

Ҳайати миллӣ

тоҷикон

Ҳайати динӣ

мусулмонони ҳанафимазҳаб

Вақти минтақавӣ

UTC+5

Коди телефон

+992 31 33

Коди мошин

08 TJ

Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Дарбанд дар харитаи
Дарбанд
Дарбанд

Ҷуғрофиё ва аҳолӣВироиш

Аз Дарбанд то шаҳри Душанбе 157 км; роҳ – асфалтпӯш. Аҳолиаш 1849 нафар (январи 2017).

Тақсимоти маъмурӣВироиш

Шаҳрак аз 7 маҳалла иборат аст.

Маориф, фарҳанг ва саломатӣВироиш

Дарбанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, беморхонаи марказӣ, дармонгоҳ, варзишгоҳи замонавӣ (дорои 5 ҳазор ҷои нишаст), клуб, дорухона, 18 нуқтаи савдои хусусӣ, маркази назорати беҳдошт (санитарию эпидемиологӣ), нуқтаҳои хидмати маишӣ, бозори замонавӣ, масҷиди панҷвақта, 2 хатти оби ошомиданӣ, корхонаи обтозакунӣ, боғчаи бачагон, чойхона, ошхона, китобхона, коллеҷи муҳандисӣ-техникӣ, ҷамъияти матлубот, шуъбаи корҳои дохилӣ, шуъбаи амният, суд, прокуратура, идораи байторӣ, муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард, ситоди ҳолатҳои фавқулода, идораи кишоварзӣ, комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи маориф, муассисаи серсоҳаи хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ, шуъбаи нозироти андоз, шуъбаи омор, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва филиали бонкҳо дорад. Дар Дарбанд 22 омӯзгор (15 нафар соҳиби маълумоти олӣ) ва 42 духтур (18 нафар соҳиби маълумоти олии тиббӣ) фаъолият доранд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёҳои Сурхоб ва Хингоб ба воситаи наҳри «50 солагии Тоҷикистон» обёрӣ мешаванд. Дарбанд бо номи шаҳри қадимии Дарбанд номгузорӣ шудааст, ки харобаҳояш ҳанӯз дар шимолу шарқии деҳаи Лаби Ҷари ноҳияи Нуробод пайдо шудаанд.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш