Хингоб
Хингоб, Хингов, Обихингов — дарёест дар Тоҷикистон, шохоби чапи дарёи Вахш.
Хингоб | |
---|---|
![]() | |
Мушаххасот | |
Ҳавза | 6 660 км² |
Ҷараёни об | |
Сарчашма | дарёҳои якҷоя: Гармо ва Қирғизоб |
• Координатаҳо | 38°52′11″ а. шим. 71°32′14″ т. ш.HGЯO |
Резишгоҳ | Вахш |
• Координатаҳо | 38°51′59″ а. шим. 70°01′47″ т. ш.HGЯO |
Мавқеъ | |
Системаи обӣ | Вахш → Амударё → Баҳри Арал |
|
|
Кишвар | Тоҷикистон |
|
|
![]() ![]() |
Аз якшавии дарёҳои Гармо ва Қирғизоб ба вуҷуд омадааст. Дарё аз пиряхи Гармо ибтидо ёфта, дар наздикии деҳаи Лабиҷар ба дарёи Вахш мерезад. Тулаш 196 км, масоҳати ҳавзааш 6660 км2. Шохобҳои калонаш: Рагнов, Сариоб, Сурхоб, Бохуд ва Оби мазор. Xингоб ширмоҳӣ ва баъзе шохобҳояш гулмоҳӣ дорад.
ЭзоҳВироиш
СарчашмаВироиш
Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.