Дарвешхон
Ғуломҳусайни Дарвеш (форсӣ: غلامحسین درویش), машҳур ба Дарвешхон (форсӣ: درویشخان; 1872[1], Теҳрон — 22 ноябр 1926[1], Теҳрон) — оҳангсоз, навозанда, омӯзгори мусиқӣ, яке аз саромадони мусиқии эронӣ, устоди тор.
Иттилооти асосӣ | |
---|---|
Таърихи таваллуд | 1872[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 22 ноябр 1926[1] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Соз | Тор |
Зиндагинома
вироишИбтидо асосҳои илми мусиқиро дар мактаби мусиқии ҳарбии Теҳрон аз Люмери фаронсавӣ омӯхт. Омӯзишро аз табли хурд оғоз намуд. Сипас ба навохтани шайпур пардохта, бо нота ошно шуд ва узви дастаи махсуси навозандагони Азизуссултон гардид. Дарвеш Ғуломҳусайн дар назди Ҳусайнқулихон сеторнавозиро омӯхт ва аз беҳтарин навозандагони он гардид. Дарвеш Ғуломҳусайн дар жанру шаклҳои созию овозии «даромад», «пешдаромад», «тасниф», «ранг» асарҳои мусиқии ҷолиб офаридааст. «Ранги Исфаҳон» (барои операи «Паричеҳра ва Паризод», асари Ризо Шаҳзод), «Марши Ҷумҳурӣ», «Оҳанги рақс» ва силсиласозҳои ӯ аз ҷумлаи онҳо буда, маҳорати олии оҳангсозиашро нишон медиҳанд. Яке аз корҳои муҳимми дигари Дарвеш Ғуломҳусайн ба сози тор изофа кардани як сими сафед мебошад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
вироиш- Дарвеш Ғуломҳусайн / А. Раҷабов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.