Дарвеш Абдии Бухороӣ
Дарвеш Абдии Бухороӣ (форсӣ: درویش عبدی بخارایی[1], номи аслиаш Сайид Мир Абдуллоҳи Ҳусайни Бухороӣ; ? — 1648, Мадина) — хушнавис ва музаҳҳиби форс-тоҷик.
Зодгоҳ: | |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1648 |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | хушнавис |
Зиндагинома
вироишНозукиҳои хатти настаълиқро дар Исфаҳон аз хушнависи машҳури замон Миримод омӯхтааст. Бо фармони садри аъзам Муҳаммадпошо Дарвеш Абдии Бухороӣ тарҷумаи манзуми «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба забони туркиро дар муддати 4 сол китобат, наққошӣ ва тазҳиб кардааст (1621). Ин китоб ҳоло бо андозаи 37,5 х 45 (33 х 47) см ва 591 саҳифа дар шуъбаи нусхаҳои туркии Китобхонаи оммавии Ню-Йорк маҳфуз мебошад. Дарвеш Абдии Бухороӣ дар Истанбул шогирди бисёр дошт, ки маъруфтарини онҳо Нуриддин Маҳмуди Тӯпхонаӣ мебошад. Аз осори дигари Дарвеш Абдии Бухороӣ то замони мо ҳамчунин як нусхаи «Маснавии маънавӣ» ба хатти настаълиқ (китобаташ, 1026), қитъаҳои пароканда ва мактубе ба унвонии Султон Бурҳонуддин Афандӣ боқӣ мондаанд, ки дар Осорхонаи осори турк ва ислом маҳфузанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ درویش عبدی بخارایی. دایرة المعارف اسلامی.
Адабиёт
вироиш- Дарвеш Абдии Бухороӣ // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.