Дарвеш Фазлуллоҳи Нойӣ
Дарвеш Фазлуллоҳи Нойӣ (?, Самарқанд — 1511, Ҳирот) — мусиқидон, оҳангсоз, навозанда, хонанда ва шоири форс-тоҷик,.
Дарвеш Фазлуллоҳи Нойӣ | |
Зодгоҳ | ш. Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 1511 |
Пеша(ҳо) | навозанда, сароянда |
Зиндагинома
вироишДавраи аввали омӯзиши ӯ дар Самарқанд ҷараён гирифта, илми мусиқӣ ва нозукиҳои онро дар назди устодони шинохтаи мусиқӣ Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ, устод Алиакбари Қонунии Самарқандӣ ва дигарон омӯхтааст. Бино бар тавсифи Дарвешалии Чангӣ дар асараш «Туҳфату-с-сурур», Дарвеш Фазлуллоҳи Нойӣ дар назарияи мусиқӣ дониши комил дошта, доир ба масоили шеъру мусиқӣ рисолае низ нигоштааст. Дар Ҳирот назди Хоҷа Юсуфи Бурҳонуддин илми мусиқии худро такмил дода, аз дарсҳои назарии шеъру мусиқии Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Марворид баҳравар гардидааст. Дарвеш Фазлуллоҳи Нойӣ дар навохтани сози най сабки хос эҷод карда, дар ин замина асари зиёде таълиф намудааст. Асарҳои дар жанру шаклҳои созию овозии мусиқии «амал», «пешрав», «савт» ва «таронаҳо»-и ба мақомҳои «Сегоҳ», «Ироқ», «Ҳусайнӣ» офаридаашро ба устодаш бахшидааст. Бисёр устодони мусиқии ҳавзаҳои ҳунарии Ҳирот ва Самарқанд ба асарҳои офаридаи Дарвеш Фазлуллоҳи Нойӣ, аз ҷумла «Нақши моҳ», «Пешрави най», «Амали хубон», «Савти дилситон» (бар ғазалҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Бадруддин Ҳилолӣ) назираҳои мусиқии ҷолиб офаридаанд. Бо тахаллуси «Нойӣ» ғазалҳои мавзун гуфтааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Дарвеш Фазлуллоҳи Нойӣ / А. Раҷабов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 58. — ISBN 978-99947-49-13-3.