Дарвеш Шайхии Қаландарӣ
Дарвеш Шайхии Қаландарӣ (форсӣ: درویش شیخی قلندری; ? — 1573, Ҳирот) — мусиқидон, оҳангсоз, навозанда, хонанда, хаттот ва шоири форс-тоҷик.
форсӣ: درویش شیخی قلندری | |
Зодгоҳ | Ҳирот |
Таърихи даргузашт | 1573 |
Пеша(ҳо) | навозанда, сароянда |
Зиндагинома
вироишМусиқӣ, шеър ва ҳунари хаттотиро аз падараш, ки дар шеъру мусиқӣ ва ҳунарҳои ороишӣ марди номдор буд, омӯхтааст. Барои такмили дониши мусиқӣ ба Бухорову Самарқанд сафарҳои омӯзишӣ карда, аз устодони мусиқӣ Устод Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ, Устод Амир Алиакбари Қонунии Самарқандӣ, Устод Арабнавои Қобузии Самарқандӣ ва дигарон асосҳои амалию назарии созу овозро омӯхтааст. Дарвеш Шайхии Қаландарӣ дар бозгашт аз Самарқанд муддате дар Бухоро назди Кавкабии Бухороӣ (фавт 1535, мусаннифи «Рисолаи мусиқӣ», «Рисола дар баёни Дувоздаҳмақом») дарси мусиқӣ омӯхта, бо шогирди ӯ Хоҷа Ҳасани Нисорӣ (шоир ва мусиқидон, муаллифи тазкираи «Музаккиру-л-аҳбоб») низ ҳамкорӣ намудааст. Дар овозхонӣ бештар ба сабки иҷроии ҳавзаҳои ҳунарии Ҳироту Самарқанд (хоссатан Устод Шодӣ, Ғулом Шодӣ) рағбат ва пайравӣ дошт. Дар жанру шаклҳои созию овозии мусиқӣ («амал», «нақш», «кор», «пешрав», «савт» ва ғ.) таснифоти зиёд сохтааст. Таснифоти ӯ «Пешрави най», «Савти шаҳрошӯб», «Амали доварӣ», «Кор ба Наво», «Нақши дилреш», «Қавли анҷум» ва ғ-ро бо такя ба зарбу авзони мақомҳои «Рост», «Ҳусайнӣ», «Ироқ» ва «Рост» (Дувоздаҳмақом) дар ҳавзаҳои ҳунарии Самарқанду Бухоро ва Ҳирот ромишгарон иҷро мекарданд.
Табъи шоирӣ ва маҳорати хуби сурудани ғазалҳои орифона дошта, аксари ғазалҳояш дар маҷолиси шеъру мусиқӣ мавриди назари аҳли адабу ҳунар будаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Дарвеш Шайхии Қаландарӣ / А. Раҷабов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Шаблон:Д., 2009. — С. 58 — 59. — ISBN 978-99947-49-13-3