Амазонка
Амазонка (Amazonas) — дарё дар Америкаи Ҷанубӣ. Аз ҳама дарёи андозааш бузургтарин дар ҷаҳон номида мешавад.
порт. Amazonas, исп. Amazonas | |
Мушаххасот | |
Ҳавза | 7 180 000 км² |
Сарфи об | 220 000 м³/с |
Ҷараёни об | |
Сарчашма | |
• Баландӣ | 110 м |
• Координатаҳо | 4°26′25″ ю. ш. 73°26′50″ з. д.HGЯO |
Резишгоҳ | |
• Баландӣ | 0 м |
• Координатаҳо | 0°35′36″ ю. ш. 49°57′23″ з. д.HGЯO |
Мавқеъ | |
Кишварҳо | Перу/Колумбия/Бразилия |
Бразилия
ҳоло надорад [[Шаблон:ХаритаиМавзеъ Бразилия|Харитаҳои мавзеъ]]. |
|
Аз ҷиҳати пуробӣ ва андозаи ҳавза (718 ҳазор км2) калонтарин дарёи олам мебошад. Амазонка дар натиҷаи як шудани дарёҳои Маранон (дарозӣ аз саргаҳ 6,4 ҳазор км) ва Укаяли (зиёда аз 7 ҳазор км) ба вуҷуд омада, номи Амазонкаро гирифтааст. Қисми зиёди дарё (60 фоизи ҳавзааш) то ҷойи ҳамроҳшавӣ бо шохоби Риу-Негру аз ҳудуди Бразилия мегузарад ва онро мардумони ин ҷо Солимойнс меноманд. Аз ҳудудҳои Боливия, Перу, Эквадор ва Колумбия низ ҷорӣ мешавад ва ба Уқёнуси Атлантик мерезад. 350 км то расидан ба уқёнус делтаи бузургеро ташкил мекунад (сатҳаш наздики 100 ҳазор км2).
Амазонка бештар аз 500 шохоб дорад. Шохобҳои калонтаринаш (1500 – 3500 км) аз рост – Укаяли, Мадейра, Журуа, Тапажос, Пурус, Токантинс, Шингу; аз чап – Иса, Япура, Риу-Негру, Напо. Манбаи асосиаш борон. Шохобҳои ҷанубиаш аз октябр то апрел, шимолиаш аз апрел то октябр обхез мешаванд. Мавсими обхезиҳои калон – май, июл дар шохобҳои рости Амазонка сатҳи об то 10 – 15 м баланд мешавад.
Сарфи баландтарини солонаи оби Амазонка 300 ҳазор м3/с ва бештар (дар моҳи май – июн), пасттарини он на бештар аз 80 ҳазор м3/с (дар моҳи август – сентябр) ва сарфи миёнаи об дар ҷараёни поёнӣ қариб 175 ҳазор м3/с аст. Резиши миёнаи солонаи Амазонка 5520 км3. Мадди уқёнус ба маҷрои Амазонка дохил гашта, бо ғулғула то 1400 км пеш меравад ва дар ин вақт баландии мавҷ дар тунукобаҳои ҷараёни поёнӣ то ба 4 – 5 м мерасад, ки онро ба шеваи ҳиндуёни маҳаллӣ «амазуну» (вайронкунандаи заврақҳо) мегӯянд. Ба ақидаи қисме аз олимони географ номи дарё аз ҳамин калима гирифта шудааст. Амазонка аз резишгоҳ ба масофаи 4300 км (то шаҳри Икитоси Перу) киштигард аст, то шаҳри Манаус (Бразилия) киштиҳои уқёнусӣ мегарданд. Амазонка кӯпрук надорад. Бузургтарин дар ҷаҳон системаи роҳҳои обии дохили кишвар дар ин ҷо буда, 25 ҳазор км тӯл кашидаанд. Бандарҳои бузургаш: Икитос (Перу), Манаус, Обидус, Сантарен (Бразилия), Белен (Пара).
Амазонка ва шохобҳояш то 2000 намуди моҳӣ (аз ҷумла скафирингус, ки дар Амазонка, дарёи Янезии Хитой ва дарёи Вахши Тоҷикистон дида мешавад) дорад. Дар Амазонка ҳамчунин пираняи даранда, арапайма (ки то 4 м дарозӣ дорад), суфрамоҳӣ, мори обӣ – анаконда, делфинҳои дарёӣ ва тимсоҳ вуҷуд доранд. Олами наботот ва ҳайвоноти ҳавзаи Амазонка хеле бой аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Parsons J. J., Schultz A. R., Crist R. E., Bell A. Encyclopædia Britannica (ингл.брит) — Encyclopædia Britannica, Inc., 1768.
- ↑ http://www.cprm.gov.br/pgagem/Manuscripts/seylerp.htm
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.