Дастгир намудан — яке аз падидаҳои ҳуқуқи ҷиноӣ буда, дар қонунҳо муқаррар карда мешавад, ки ба мақсади муайян кардани масъалаи ба ҷиноят дахлдор будани шахси гумонбаршуда ва масъалаи ҳамчун чораи пешгирӣ ба ҳабс гирифтани шахсе, ки дастгир шудааст, тартиби ба муддати кӯтоҳ дастгир карда шудани шахсони ба ҷиноят гумонбаршударо пешбинӣ мекунад.

Аммо ин падида дар меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ нисбат ба шахсони алоҳида, ки онҳо имтиёзҳои махсусро истифода мебаранд, бо чунин тарз ифода ёфтааст: масалан, дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикисгон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилн Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар гардидааст, ки узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, ӯро ҳабс кардан, дасггир кардан, маҷбурӣ овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷои содир намудани ҷиноят. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин мавриди кофтукови шахсӣ (азназаргузаронӣ) қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои амнияти дигарон муқаррар намуда аст.[1]

Нигаред низ

вироиш

Ҳуқуқэҷодкунӣ

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 143-144