Дастпона (порсӣ: دستپانه ) — ороиш барои даст буда, шаклҳои гуногун дорад. Даспонаи донадор ё гандумак як намуди онро мегӯяд, ки то охирҳои садаи XIX арӯсон ва занони ҳисорӣ истифода бурданд. Ин дастпона ҷои маҳкам намудан дошт. Сӯзане, ки маҳкам мекунад, бо занҷир ба дастпона пайваст буда, бо марҷон оро дода мешуд. Дастпонаҳоро аз нуқра месохтанд ва бо сангҳои фирӯза дастаашон ба монанди сари мор ороиш медоданд. Барои духтарони хурдсол ва барои арӯсон дастпонаҳо аз пончаҳо ва муҳраҳои чашмӣ месохтанд. Ин пончаҳо аз фулузи нуқра курашакл сохта шуда, дастаи риштагузаронӣ дошт.[1]

Дастпонаи нуқрагин бо ороиши тоҷикӣ

Адабиёт вироиш

Умарова З. История исследований ювелирного искусства таджиков // Очерки истории и теории культуры таджикского народа. — Душанбе: 2006. — С. 277—302.

Нигаред низ вироиш

Манбаъ вироиш

  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. — Душанбе, 2014. — С. 35 — 40.