Ангуштарин
Ангуштарин, чала — афзори ороишест, ки аз нуқра, тило ва дигар фулузот сохта ба ангушт меандозанд.
Дар давраи палеолит ангуштарини устухонӣ, дар давраи неолит ангуштарини сангӣ ва дар асри биринҷӣ ангуштарини фулузӣ пайдо шуд. Ангуштарин дар сарзамини тоҷикон аз қадим маъмул буда, дар замони мо низ асбоби зинати даст аст[1]. Онро мувофиқи табъ хотамкорӣ ва нақшу нигор мекунанд. Ангуштарин навъҳои гуногун дорад. Ангуштарини чашмакдорро дар маҳалҳои гуногун аз рӯйи сохти ҳалқааш пашшахона, панҷарадор, бодомча ва ғ. меноманд. Ангуштарини мардона низ ҳаст. Ин гуна ангуштарин аввал дар Мисри Қадим, баъд дар ҷойҳои дигар, аз ҷумла дар Тоҷикистон паҳн шуд. Нигини ин ангуштаринро катибаву тасвирот зинат медоданд. Ангуштарин вазифаи муҳрро ҳам адо мекард. Духтарҳо аз 10—14-солагӣ ба ангуштонашон ангуштарин меандохтанд. Ангуштарин дар қатори дигар асбобҳои зебу зинат ба маҳри арӯс ҳамчун туҳфаи домод дохил мешуд.
Замонҳои пеш ангуштарин доштани занҳо ҳатмӣ буд, зеро онро дар рафти ба ҷо овардани ягон ойин рамзи тозагии даст мешумурданд. Дар замони мо бо ташаккули анъанаҳои нав ангуштарин гирифтани занону мардҳо, хусусан наварӯсон расм шудааст. Арӯс ва домод рӯзи қайди ақди никоҳ чун рамзи ягонагӣ, садоқат ва вафодорӣ ба дасти якдигар ангуштарин меандозанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. — Душанбе, 2014. — С. 35 — 40.
Адабиёт
вироиш- Умарова З. История исследований ювелирного искусства таджиков // Очерки истории и теории культуры таджикского народангуштарин — Душанбе: 2006. — С. 277—302
Сарчашма
вироиш- Ангуштарин // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.