Даф - сози мусиқии зарбӣ. Даф бо шаклу андоза ва номҳои гуногун дар саросари олам маълуму машҳур буда, дар ҳама ҷо тавассути ангуштон ва кафи даст навохта мешавад. Даф асосан аз чанбар, пӯст, зангӯлаҳо, ҳалқаҳову шилшилаҳои филизӣ иборат буда, аслан панҷ навъ аст: Дафи зангӣ, маҳзар, мураббаъ, дурӯя ва дойра.

Дафи мураббаъ (чоргӯша)- дар Миср ва Ироқу Шом маъмул будааст. Чунин дафҳо шакли дарозрӯяву баробартараф ва андозаи хурду бузург доштаанд. Дафи мураббаъ аз дафи мудаввар аввал бо шакли зоҳирӣ ва баъд бо зангӯлаву торҳои дохилаш фарқ мекунад. Зангӯлачаҳои ин навъи даф аз беруни чаҳорчӯба устувор карда мешаванд ва зери пӯст аз дарун торҳои танонӣ кашида мешаванд. Ба рӯи чунин дафҳо ҳамчунин дигар навъҳои пӯсти оҳу, буз, гӯсфанд ва баъзан гӯсола мекашанд. Ҳоло ҳам чунин навъи даф дар санъати мусиқии мамлакатҳои зикршуда вуҷуд дорад.

Адабиёт

вироиш

Ҳамчунин нигаред

вироиш