Дахлнопазирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дахлнопазирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — кафолати ҳуқуқии Президенти ҶТ, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 72) ва Қонун «Дар бораи таъминот, адои хидмат ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 ноябри соли 1995 муқаррар карда шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат қарор дошта, ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи ӯро қонун ҳимоя мекунад. Шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Президент қасд мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Таъмини амнияти Президент бо роҳи ба ихтиёри ӯ гузоштани муҳофизони шахсӣ, воситаҳои махсуси алоқа, нақлиёт, таъминоти машшпо тиббй, нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва гузаронилани чорабнниҳон муҳофизатӣ ва дигар тадбирҳои махсуси ҳимоявӣ дар маҳалҳои сафари ӯ, инчуннн тартиби муқарраршуда дар биною иншоотҳо, мавзеъҳои атрофи биноҳое, ки ба Дастгоҳи Президент тобеанд, ба амал бароварда мешавад. Ба Президент ва аъзои оилаи ӯ дар тамоми давраи ваколаташ шахсони махсус аз кормандони Вазорати амнияти ҶТ хидмат мерасонанд. Президент дар муҳлати ваколаташ аз лаҳзаи интихоб шудан дар ҷои зисти доимй ва буду боши муваққатӣ бо муҳофизони шахсӣ таъмин карда мешавад. Дар муддати ваколати Президент аъзои оилаи ӯ низ бо муҳофизон таъмин мегарданд. Муҳофизати давлатӣ маҷмӯи тадбирҳои ташкилӣ, муҳофизатӣ, низомӣ, фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, техникӣ, илмӣ ва дигар гадбирҳоесг, ки Вазорати амнияти ҶТ барои таъмини фаъолияти мӯътадил ва амнияти Президент дар асоси нишондодн қонунҳо ба амал мебарорад. Дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди констнтутсиони ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумин аъзои Маҷлнси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонн Маҷлиси Олӣ бекор карда мешавад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 150