Дақиқӣ
Абумансур Муҳаммад Аҳмади Дақиқӣ (форсӣ: ابومنصور محمد بن احمد توسی; асри X, Устони Хуросон — 977) — шоири машҳури даврони Сомониён, муаллифи аввалин шоҳномаи манзум, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» зиёда аз ҳазор байти ӯро овардааст..
Таърихи таваллуд: | асри X |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 977 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишСоли таваллуди ӯ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» 317 ҳиҷрӣ (929—930 мелодӣ) қайд шудааст. Ҷои таваллудаш маълум нест. Дар тазкираҳо Самарқанд, Балх, Бухоро, Тӯс қайд кардаанд. Фаъолияти эҷодии ӯ аз доираи адабии ҳокимони Чагониён (водии Ҳисору Сурхондарё), ки марказаш шаҳри Термиз буд, оғоз ёфтааст. Дар ин вақт кишвари Чағониёнро хонадони Мӯҳтоҷиён идора мекард. Асосгузори ин хонадон Абубакр Муҳаммад Музаффар Мӯҳтоҷ буда, соли 933 таъсис ёфтааст. Ин хонадон бо вуҷуди тез-тез исён карда истодан тобеи давлати Сомониён буд. Онҳо бо барқарор намудани анъанаҳои бобоёни худ — тоҷикони чагониёни кӯшиш мекарданд, урфу одатҳо ва адабиёту забони дариро инкишоф медоданд, шоирон ва аҳли илмро дастгири мекарданд. Аз ҳокимони ин хонадон, масалан, Тоҳири Чагони (амир Абдулмузаффар Тоҳир ибни Фазл, вафоташ 987—988) худ низ шеър менавишт, истеъдоди хубе ҳам дошт. Дар доираи адабии онҳо шоирон Дақиқӣ, Мунчики Тирмизӣ ва Фаррухии Сиистонӣ умр ба сар бурда, асарҳо эҷод намудаанд. Дар бораи ба ин дарбор нисбат додани Дақиқӣ, Фаррухӣ дар шеърҳои мадҳияи худ ба Фахруддавла ишора кардааст:
- То тарозандаи мадеҳи ту Дақиқӣ даргузашт,
- З- офарини ту дилоганда чунон, к-аз дона нор.
- Ҳар наботе, к-аз сари гури Дақиқӣ бардамад,
- Гар бипурсӣ, з-офарини ту сухан ронад ҳазор.
Дақиқӣ дар замони ҳукмронии Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ ба доираи адабии Бухоро омадааст. Руҳи ватандустона — шуубияи ӯ ба баъзе ҷосусҳои хилофат, хоқонҳои турк ва руҳониёни мутаассиби исломии ҳанафия маъқул набуд. Махсусан, ба назми достонҳои кахрамонии ватандустонаи халқи худ шурӯъ намудани ӯ ба ин гурӯҳ писанд наомад. Бинобар ин, ҳамон гурӯҳҳои иртичоиӣ гуё бо дасту ханҷари ғуломаш дар яке аз шабҳои базм ӯро куштанд. Ин воқеа дар соли 977 руй додаст. Қувваҳои иртичоиӣ моҳияти аслии воқеаро пинҳон дошта, онро «аз бадахлоқии» ӯ ва аз рашк куштани ғуломаш маънидод кардаанд. Фирдавсӣ ҳам аз рӯи ҳамин овозаҳо сабаби кушта шудани шоирро дар муқаддимаи «Шоҳнома» «аз хӯи бад» маънидод намудааст:
- Ҷавонеро хӯи бад ёр буд,
- Або бад ҳамеша ба пайкор буд.
- Бар ӯ тохтан кард ногоҳ марг,
- Бар сар барниҳодаш яке тири тарг….
Чунин ақидаи Фирдавсӣ ва овозаву баҳонаи он ғалат буд, зеро Дақиқиро ҳамон қувваҳои иртиҷоиӣ кушта буданд, ки Рӯдакиро кӯр, давлати Сомониёнро барҳам дода буданд
Эҷодиёт
вироишАз руйи маълумоти Носири Хисрав девони шеърҳои Дақиқӣ, ҳатто, дар асри XI дар кишварҳои ғарбии Эрон ҳам шуҳрат доштааст, вале то ҳол ёфт нашудааст. Мероси адабии ӯ ва шакли шеърҳои вай аз қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа, дубайтӣ ва маснавӣ (достон) иборат будааст. Мундариҷаи ашъори ӯро мавзӯъҳои ишқи, мадҳ, марсия, панд, тасвири табиат, ватандустӣ ва ғайра ороиш додааст. Дақиқӣ хам шоири хассоси лирик ва хам донандаю сарояндаи шеърҳои (достони) эпикию кахрамони мебошад. Қасидаҳои мадҳияи Дақиқӣ ба мирони Чағониён ва амирони Сомонӣ бахшида шудаанд ва ба равияи умумии давр, ки идеализатсия ва муҳофизати давлати марказонидашудаи феодалист, нигаронида шудааст:
- Малик он ёдгори Оли Доро,
- Малик он кутби даври Оли Сомон.
- Агар бинад ба гоҳи кина иблис,
- Зи бими теги ӯ бипазирад имон.
- Ба пои лашкараш Нохиду Хурмуз,
- Ба пеши лашкараш Мирриху Кайвон.
Аз қасидаҳои ӯ бештар қисмати ташбиб боки мондааст, ки аксар манзараи табиатро хеле бадеи, образнок ва реалистона тасвир менамояд. Ғазалҳои асри X-ро танҳо ташбиби қасида номидан расм шудааст. Аммо ғазалҳои Дақиқӣ, агар бетахаллусиашро мустасно кунем, аз ҷиҳати мавзӯъ ва композитсия, пурраги ва рехтагиаш ба ғазал тамоман монанд аст. Ба ин масъала худи ӯ низ ишорат кардааст:
- Маро гуяд зи чандин шеъри шохон,
- Ва чандин ошикона шеъри дилбар.
Ифодаҳои «шеъри шоҳон», «ошиқона шеъри дилбар» ишора ба қасидаҳои мадҳия ва ғазалҳои ишқӣ аст. Масалан, шеъри ошиконаи зерин бо пурраги, яклухти ва фикран тамом буданаш ба ғазал монанд аст, факат ин ки тахаллус надорад:
- Кошки андар ҷаҳон шаб нести,
- То маро хичрони он лаб нести.
- Захми акраб нести бар ҷони ман,
- Гар вафо зулфи муакраб нести.
- В-ар набуди кавкабаш дар зери лаб,
- Мунисам то рӯз кавкаб нести.
- В-ар мураккаб нести аз некуи,
- Чонам аз ишқаш мураккаб нести.
- В-ар маро беёр бояд зистан,
- Зиндагони, кош, ё раб, нести!
Ин шеър як компоненти пурраи ишқии образи ошик ва маъшукаеро ба вучуд овардааст, ки он дар байти мактаъ чамъбаст гардидаст. Дар шеъри боло олами ботини ва хиссиёти пуразоби ошик бо лиризми баланди шоирона ифода ёфтааст. Майлхо ба дини зардушти, ба таври ҷиддӣ аз ислом баргаштан ва комилан ба зардушти руй оварданро ифода намекард, зеро ислом аллакай пурра кабул шуда, ба фаҳму шуури мардум дохил гардида буд. Зардуштпарасти, ки аз оини аҷдодии мост, дар шеърҳои дигари ин шоири ватандӯст низ акс ёфтааст:
- Яке зардуштворам орзуест,
- Ки пешат Зандро бархонам аз бар.
- Бархезу барафрӯз, хало, киблаи Зардушт,
- Биншину барафган шиками кокум бар пушт.
- Бас кас, ки зи Зардушт бигардиду дигар бор
- Ночор кунад ру ба суйи киблаи Зардушт.
Олам ва «Шохнома»- и Дақиқӣ
вироишДақиқӣ дар Бухорои Сомони ягона шоири ватанҳоҳ, донанда ва дустдори анъанаҳои миллӣ ва достонҳои қаҳрамонии халқи худ буд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки Нух бинни Мансури Сомони соли 976 ба назм даровардани киссаи «Шоҳнома»-и равонаро ба Дақиқӣ фармуд ва ӯ ин вазифаро бо ҷону дил қабул кардааст:
- Ҷавоне биёмад кушодазабон,
- Сухан гуфтани хубу равшанравон.
- «Ба назм орам ин номаро» гуфт, «ман»,
- Аз ӯ шодмон шуд дили анҷуман.
Дақиқӣ аз қиссаҳои «Шохнома» достони «Гуштоспу Арчосп» — ро дар вазни мутакориби мусаммани максур ба назм даровард. Ҳамин тарик, Дакики аз ин достон 1000 байт гуфт ва онро Фирдавси ба «Шохнома» — и худ чой додааст. Дар шеърҳои Дақиқӣ манзараи гуногун ва зебоии табиат бо хамаи ороиш ва тозагию нафосаташ вобаста ба хиссиёти ошиконаю ҳаётдустона ба таври бадеи тасвир ёфтааст. Олами Дақиқӣ гарчанде ки ӯ умри зиёде надида бошад хам, пур аз тозагию зебои, ситоиши қувваҳои неки табиат ва худи табиати инсон ба хуби тасвир ёфтааст. Ва худи «Шоҳнома»- и безавол танҳо аз тахаюлоти поки ӯ асос гирифт…