Рубоӣ
Рубоӣ — маъмултарин шакли назми шифоҳии мардуми тоҷик буда, дар адабиёти китобӣ низ мавқеи барҷаста дорад.
Сохтори рубоӣ
вироишРубоӣ аз чор мисраъ иборат буда, вазну қофиябандии муайян дорад.[1] Вазну қофияи равони рубоӣ барои ба оҳанги мусиқӣ даровардан хеле мувофиқ аст ва аз ҳамин сабаб дар жанри мусиқии Фалак ва дигар навъҳои мусиқии мардумӣ аз рубоиҳо бисёр истифода мекунанд. Рубоиҳои тоҷикӣ дар мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, васфи табиат, ҷудоиву ғарибӣ, никоҳи маҷбурӣ, камбағалӣ, шикоят аз зулми иҷтимоӣ ва масоили гуногуни маишӣ эҷод шудаанд. Рубоиҳои халқӣ дар ҳама замонҳо бо ҳаёти маишӣ, иҷтимоӣ ва таърихии аҳли меҳнат робитаи бисёрҷониба пайдо карда, мақсаду маром, фарёду нидо, гилаву эътироз ва хашму кинояҳои шахсони музтарибу мутаассирро дар бар гирифтаанд. Ба воситаи рубоиҳо одамон ҳамдигарро аз ҳоли худ огоҳ ва ба якдигар дил холӣ кардаанд, якдигарро водор намудаанд, ки ба атрофиёнашон бо эҳтироми хосе муносибат кунанд. Мавзӯи ишқу муҳаббат нисбат ба дигар мавзӯъҳо дар жанри рубоӣ мавқеи муҳимтар дошта, ишқи воқеии заминӣ ва тавъам бо масоили иҷтимоӣ баён мегардад. Образи ошиқе, ки дар рубоиҳо тасвир мешавад, як фарди одии ҷомеа буда, ишқи поки инсонӣ дорад ва барои ба мақсаду мурод расиданаш бо мушкилоти рӯзгор ва рақибон мубориза мебарад. Маъшуқаи ӯ низ як духтараки муқаррарии деҳотӣ аст, ки дар ҳамсоягии ҷавон зиндагӣ мекунад. Аммо дар мобайн монеаҳое дар шахси рақиб, аҳли оила ва хешу табори духтар ва инчунин муносибатҳои иҷтимоии анъанавӣ, номусу виҷдон, одобу ахлоқ барин меъёрҳои суннатӣ вуҷуд доранд, ки дар аксари ҳолатҳо ба васли ин ду ҷавон садди роҳ мешаванд. Чунончи:
Боло меравӣ, боло шамоло дорa,
Гул мешукуфа, лола тамошо дора.
Савдогара бин, молоша савдо дора,
Ғамдор нола, беғам чӣ парво дора.
Яке аз санъатҳои бадеии муҳими рубоиҳо рамз ба шумор меравад. Рамз як тарзи баёни сухан мебошад, ки тавассути он гӯянда мазмунҳои ниҳониро дар як калима, ибора ва ё ҷумлае ифода мекунад. Дар рубоиҳои тоҷикӣ рамзҳои «гул», «лола», «об», «кӯҳ», «ағба», «дарё», «бед», «чинор», «себ», «кабк», «кабӯтар» ва амсоли инҳоро зиёд дучор мешавем, ҳам ба матнҳо хусусиятҳои бадеию эстетикӣ додаанд ва ҳам дарду алам ва орзуву омоли мардумро фаро гирифтаанд.
Масалан, образи «дарё» дар рубоиҳо рамзи ҷудоӣ ва монеа мебошад, ки гӯянда бо таассуф аз ҷудоӣ ва дастнорасӣ чунин гуфтааст:
Эй ови Ҳелок, бо ту таманно дорум,
Садбарги сафед дар хафи дарё дорум.
Дар ӯ руи ов сараки танҳо ёрум,
Дар и руи ов сараки танҳо дорум.
Яке мавзӯъҳои маъмулу машҳури рубоиҳои тоҷикиро мавзӯи ғарибӣ ва мусофирӣ ташкил медиҳад. Дар чунин матнҳо тасвири ҳасби ҳоли худи мусофирон – ғарибон, аҳволи хешу табор ва ёру ошноҳои ғарибон баён шудаанд. Аз рубоиҳо бармеояд, ки тарки Ватан кардан дар ҳаёти мусофирону ғарибон аламноктарин дард будааст:
Ай хуна буромадум, чашмум банамай,
Чашмум банаму дилаки ман пураламай.
Мардум меган: «Дар дили ту чӣ аламай?»
Ин доғи мусофирӣ гирдови ғамай!»
Рубоӣ бо навъҳои дигари назми шифоҳӣ, аз ҷумла дубайтӣ, чорбайтӣ ва шеърҳои гуногуни чормисраӣ умумияту монандиҳо дорад.[2]
Рубоиёти Хайём
вироишРӯзе, ки гузаштааст, аз ӯ ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.
Аз н-омадаву гузашта фарёд макун,
Холи хуш бошу умр барбод макун.
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,
Гарданда фалак бар сари коре будаст.
Зинҳор, қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми нигоре будаст.
Пайвандҳо
вироиш- Рубоиёти Умари Хайём. ansor.info. 21 феврали 2019 санҷида шуд.