Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 декабри соли 2016 пешниҳоди Тоҷикистонро барои эълон доштани солҳои 2018-2028 чун “Об барои рушди устувор” қабул кард.[1]
Питер Томсон раиси Маҷмаи умумии СММ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикотӣ ирсол намуд. Дар номаи шодбошӣ аз ҷумла омадааст: "Бо камоли ифтихор мехостам Шумо ва мардуми Шуморо бо қабули муваффақонаи қатъномаи "Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028", ки рӯзи 21 декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, табрик намоям".
"Боварии комил дорам, Даҳсолаи нав, ки ба масъалаҳои рушди устувор ва истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои обӣ, аз ҷумла пешбарии ҳамкориҳо ва шарокат дар ҳама самтҳо таваҷҷуҳ дорад, метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои байналмилалии тасдиқшудаи марбут ба об, бахусус он ҳадафҳое, ки дар рӯзномаи рушди устувори 2030 инъикос шудаанд, мусоидат намояд"— Об барои рушди устувор: Питер Томсон пешниҳоди Тоҷикистонро қабул кард
,- омадааст дар иттилоия. Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми президент ба парлумон мардуми тоҷикро бо қабули ташаббуси даҳсолаи амалиёти об табрик гуфт.[1]
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҷаҳон
вироиш- 22 марти соли 2018 дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 22 марти соли 2018 ба кори хеш шурӯъ намудааст, ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” нахустин шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” суханронӣ намуданд.[2]
- 24 марти соли 2018 мақолаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development) ба табъ расида, пешкаши доираи васеи хонандагон гардид.[3]
- 23 апрели соли 2022 Дар суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мавриди зикр аст, ки «Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи нави амал “Об барои рушди устувор”, “Раванди оби Душанбе”-ро оғоз бахшида, соли 2018 Конфронси нахустини сатҳи баландро оид ба Даҳсола доир намуд ва баргузории Конфронси навбатии онро аз 6 то 9 июни соли 2022 дар назар дорад. Конфронси дуюми Душанбе ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла Саммити имрӯза хидмат хоҳад карда, дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нақши калидӣ хоҳад дошт. Конфронси соли 2023 дар Ню-Йорк, ки зери ҳамраисии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерландия сурат хоҳад гирифт, баъд аз қариб панҷоҳ соли нахустин Конфронси оби соли 1977-и Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.»[4].
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Об барои рушди устувор: Питер Томсон пешниҳоди Тоҷикистонро қабул кард
- ↑ Иштирок дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”. 25 марти 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 сентябри 2021.
- ↑ Нашри мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development). 25 марти 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 сентябри 2021.
- ↑ www.khovar.tj. Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором.(тоҷ.) (23 апрели 2021). 24 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 апрели 2022.