Девонаи Балхӣ
Девонаи Балхӣ (форсӣ: دیوانۀ بلخی; 1521 — ?) — шоир, сӯфӣ ва хушнависи форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишӮ аз шоирони суфимашраб будааст. Дар хушнависӣ низ моҳир буда, навъҳои хатро бо камоли ҳунармандӣ менавиштааст. Дар бораи Девонаи Балхӣ танҳо дар бахш («Биҳишти ҳаштум»)-и ба «Маҷолису-н-нафоис»-и Алишери Навоӣ иловакардаи Муҳаммади Қазвинӣ маълумоти мухтасар баён гардидааст, ки Девонаи Балхӣ ҳафт қалам (ҳафт намуди хатти арабӣ)-ро неку менавишту шеър низ хуб мегуфт ва ин байт аз ӯст:
Мехостам назора кунам нақши ӯ дар об,
Ногаҳ насим омаду нақше бар об зад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Девонаи Балхӣ / А. Раҳмонфар // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Девонаи Балхӣ / А. Афсаҳзод // А — Калим. — Д. : СИЭМТ, 1988. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов ; 1988—2004, ҷ. 1). — ISBN 5-89870.