Девонаи Ҳисобӣ (с. тав. номаълум, Хоразм, Хива, с. ваф.1517, Самарқанд) — навозанда, сароянда, шоир, зодаи Хива. Дар Қарокӯл, Марв зиндагӣ ва ба камол расида, аз ҷавонӣ дар шеъру мусиқӣ, қиссахонӣ (ровӣ) маҳорат дошт. Овози хуб ва табъи баланди шоирӣ (ғазал, қитъа, рубоӣ) дошта, ба суханварону орифони замонааш ҳамкорию муносибати хуби эҷодӣ менамуд. Хоҷа Аҳрори Валӣ ӯро ба Самарқанд даъват менамояд ва муддати тӯлонӣ дар хидмати ӯ буда, шеъру сурудхонӣ мекард. Баробари ин ба ашъори Ҷалолуддини Балхӣ дар жанру шаклҳои созию овозии мусиқии «савт», «нақш», «амал», «кор», «қавл», «тарона», «пешрав» дар тазмини навоҳои мақомҳои «Рост», «Ҳусайнӣ», «Наво», «Ушшоқ», «Бузург» асарҳои рангин ҳам сохтааст. Соҳибдевон буда, бинобар ба ахбори манобеи хаттӣ (Алишери Навоӣ, «Маҷолис-ун-нафоис») рисолае дар мусиқӣ нигошта, мавриди назари аҳли таҳқиқ гардидааст.

Девонаи Ҳисобӣ
Зодгоҳ Хива
Таърихи даргузашт 1517 Самарқанд
Пеша(ҳо) сароянда,навозанда

Адабиёт вироиш

Навоӣ, Маҷолис-ун-нафоис, Тош., 1964; Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ, Р:7005-111, ИШАФ Уз.; Бобур, Бобурнома, Тош., 1993; Энцикло-педияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ., 1988.[1]

Ҳамчунин нигаред вироиш

Сарчашма вироиш

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 62 - 60 ISBN 978-99947-49-13-3