Девори Бузурги Чин
Девори Бузурги Чин — ёдгорими меъморӣ дар шимоли Чин. Дарозии умуми он ба 6350 км. аст.
Девори бузурги Хитой рамзи мардонагиву ҳамдилии ин мардум ба ҳисоб меравад. Қисми зиёди ин девор дар ҳудуди музофоти Хэбэй, ки дар Хитойи шимолӣ ҷойгир аст, воқеъ гардидааст. Масоҳати Хитой бузург мебошад, аз ин рӯ ҳифзи он аз душманон кори осон нест. Ба хотири муҳофизати ватан дар асрҳои IV-III то милод ба сохтани ин иншооти нотакрори таърихӣ шурӯъ намуданд. Сохтани деворро шоҳ Ванли Чанчен оғоз карда буд. Ӯ барои хитоиҳо қаҳрамони миллӣ ба шумор меравад. Девори бузургро дар давоми 100 сол сохтаанд. Муаррихон бозгӯӣ менамоянд, ки дар асри VII, дар даҳрӯзаи аввали сохтмон зиёда аз 500 000 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҷасади мурдаҳоро чун масолеҳ дар сохтмони девор истифода мебурданд. Дар даврони ҳукумронии император Син Шухуандӣ (221 то милод) девори Хитой боз баландтар карда шуд. Дарозии девор 5400 километрро ташкил медиҳад. Баландии он 6,6 метр, ғафсии қисми поёнаш 6,5 метр ва ғафсии қисми болояш 5,5 метр буда, дар масофаи муайян дидбонгоҳ дорад. Дар қисмати ғарбии музофоти Хэбэй ин девори бузург то андозаи чашмрас хароб гардидааст, вале дар маљмӯъ қисми зиёди девор то замони мо боқӣ мондааст.