Декрет — номгӯи санади меъёрӣ ҳуқуқие, ки аз тарафи мақоми ҳокимияти давлатӣ ё ки сарвари давлат дар ҷараёни амалигардонии салоҳиятҳои меъёрй-эҷодии ӯ ба табъ мерасад. Ҳокимяти Шӯравӣ қонунҳо, қарордодҳои ҳукумат (Шӯрои Комиссарони Халқи ҶШСФР), қарордодҳои анҷуманҳои Шӯроҳо ва мақомоти иҷроияи онҳо низ нисбат ба масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатӣ декрет ном гирифта буданд (мисол, декрет «Дар бораи замин», «Дар бораи сулҳ», «Дар бораи маълумоти ҳукумати коргарӣ ва деҳқонӣ», «Дар бораи матбуот», «Дар бораи тартиби тасдиқ кардан ва нашр намудани қонунҳо», «Дар бораи аз байн рабудани табақаҳо ва рутбаҳои гражданӣ» ва ҳоказо). Дар низоми ҳуқуқии замони муосир декрет бештар дар Фаронса бароварда шуда, татбиқи худро дармеёбад. Декрет аз тарафи президентҳои як қатор давлатҳои Африқо низ ба табъ мерасад..[1]

Нигаред низ

вироиш

Ҳуқуқ

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 152-153