Ҳокимияти давлатӣ
Ҳокимияти давлатӣ — воситаи асосии амалӣ гардонидани ҳокимияти давлатӣ фаъолияти мураттаби мақомоти давлатӣ буда, маҳз ба воситаи онҳо халқ ҳокимияти давлатии ба ӯ тааллуқдоштаро ба амал мебарорад.
Ҳокимияти давлатӣ барои мӯътадилгардонии ҳаёту фаъолияти ҷомеа, татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд зарур аст. Табиати ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ дар моддаи 6 Конститутсияи ҶТ муайян карда шудааст - дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокнмияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Тибқи моддаи 9 Конститутсияи ҶТ ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунбарор, ҳокимияти иҷроия ва суд амалӣ мегардад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - C. 510