Демократияи мажоритарӣ
Демократияи мажоритарӣ (русӣ: Мажоритарная демократия) — низоме, ки дар он ҳизбҳо якдигарро иваз мекунанд ва иттиҳодяи (русӣ: коалитсия)и роҳбарикунанда аз рӯи аксарият ташкил меёбад. Ҷое барои мухолифон нест. Мисол — Нидерландия, Британияи Кабир.
Барои ин модели демократия чунин нишонаҳо хос мебошад:
- Принсипи — барои ғолиб ҳама имтиёз: дар дасти як ҳизб ҳукумат. Кабинети вазирон дар парлумон дастгирӣ дорад.
- Пайвастани ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор.
- Рақобат байни ҳизбҳо: дер ё зуд яке дигареро иваз мекунад.
- Ҳукумати марказонидашуда.
- Парлумони мустаъқил: ҳеч кас ваколатҳои онро маҳдуд намекунад.
- Танзимшиканӣ дар палатаҳо — сохтори дупалатагӣ: палатаи поенӣ асосӣ (ваколати палатаи ҷамоатҳо зиёдтар, аз палатаи олӣ, палатаи Лордҳо).
- Тағйирпазирии конститутсия (сарқонун): қонунгузорӣ дар кодекси ягона нигоҳ дошта нашудааст.
- Институти демократия ғоиб аст, референдумҳо нест.
- Назорати Бонки марказӣ аз ҷониби намояндагони ҳизби сиесӣ, ки дар сари қудрат воқеъ аст, назорат мешавад