Ҳоланд
Нидерланд (Подшоҳии Нидерланд) (нидерландӣ.. Nederland) — кишваре, ки аз ду қисм иборат аст, яке Аврупои Ғарбӣ ва ҷазираҳои Бонайре, Синт-Эстатиус ва Саба дар баҳри Кариб (инчунин Нидерландҳои Кариб ҳам меноманд). Дар Аврупои Ғарбӣ сарзамини Нидерланд дар соҳили Баҳри Шимолӣ ҷойгир аст (дарозии хати соҳил — 451 км), бо Олмон (577 км) ва Белгия (450 км). Якҷоя бо ҷазираҳои Аруба, Кюрасао ва Синт-Мартен, ки мақоми маъмурии махсус дорад (худидоракунии давлатӣ), Нидерланд ба Подшоҳии Нидерланд дохил ҳастанд. (нидерландӣ.Koninkrijk der Nederlanden). Муомилаи байни воҳидҳои маъмурии подшоҳӣ ба воситаи Хартияи Подшоҳии Нидерланд танзим мешавад, ки он соли 1954 қабул шудааст.
![]() |
![]() |
![]() | |
Шиор: «Je Maintiendrai» | |
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Подшоҳии Нидерланд|Wilhelmus van Nassouwe ]]» | |
Рӯзи истиқлолият | |
Забонҳои расмӣ | |
Пойтахт | Амстердам |
Шаҳри калонтарин | |
Идораи давлат | |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. |
-ум ҷой дар ҷaҳон км² % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ • Зичӣ |
-ум ҷой дар ҷaҳон 16,299,000 нафар/км² |
Пули миллӣ | |
Интернет-Домен | .nl (ва .eu) |
Коди телефон | +31 |
Соат | UTC +1 |
ТаърихВироиш
Сиёсату ҳукуматВироиш
Бахшбандии кишварӣВироиш
Вилоятҳо | Масоҳат | Аҳолӣ (2004) | Пойтахт |
---|---|---|---|
Гелдерланд | 5,015 | 1,966,929 | Арнем |
Гронинген | 2,347 | 574,384 | Гронинген |
Дренте | 2,655 | 482,415 | Ассен |
Зеландия | 1,796 | 379,028 | Мидделбург |
Лимбург | 2,169 | 1139,335 | Маастрихт |
Оверэйсел | 3,340 | 1105,512 | Зволле |
Шимоли Брабант | 4,949 | 2406,994 | Хертогенбос |
Шимоли Ҳолландия | 2,667 | 2587,265 | Ҳарлем |
Утрехт | 1,359 | 1162,258 | Утрехт |
Флеволанд | 1,412 | 359,904 | Лелистад |
Фрисландия | 3,357 | 642,066 | Леуварден |
Ҷануби Ҳолландия | 2,871 | 3451,942 | Ҳаага |
ҶуғрофияВироиш
ИқтисодётВироиш
АҳолӣВироиш
Аҳолии кишвар ба вазъи июли соли 2017 17 084 719 нафарро ташкил медиҳад. Дар феҳристи кишварҳо аз рӯи аҳолӣ Нидерланд 66-умин ҷоро ишғол менамояд [1]. Ба муқоиса бо дигар кишварҳои Аврупо аҳолии ин кишвар дар якуним асри гузашта босуръат афзоиш ёфтааст: 3 миллион сокинон дар соли 1850, 5 миллион — дар с. 1900-ум ва 16 миллионов — дар соли 2000-ум. Барои муқоиса: аҳолии Белгия дар ҳамин давра тақрибан ду маротиба афзоиш ёфтааст: аз 4,5 миллион маскун дар соли 1850 то 10 миллион дар соли 2000-ум.
Бо масоҳати 41543 км², тибқи маълумоти соли 2016, Нидерланд зичии аҳолии 405 нафар дар як километри квадратиро дорад[2]. Бо чунин тарз, Нидерланд 15-умин давлат аз рӯи зичии аҳолист. Аз ҳама зич вилоятҳои зер маскун шудаанд: Ҳолландияи Шимолӣ, Ҳолландияи Ҷанубӣ ва Утрехт (зичии миёнаи аҳолӣ 1000 наф./км² ва зиёдтар; нишондиҳандаҳои баландтарин дар минтақаҳои сершаҳр – зиёдтар аз 2000 наф./км² нишон дода мешаванд)[3]. Аз ҳамин лиҳоз, Нидерланд яке аз кишварҳои рушдкардаи инфрасохтори нақлиёт ва иттило мебошад. Интернетро 15,778 млн нафар[4] ё 93,1 %-и аҳолии кишвар истифода мебаранд — 34-ум ҷо дар ҷаҳон[5]. Дар Нидерланд дар солҳои 2002—2003 зиёда аз 10 млн телефони хонагӣ ва 12,5 млн телефони мобилӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар кишвар беш аз 250 истгоҳи радио ва 21 истгоҳи телевизион (ҳамч. 26 ретранслятор) кор мекнуанд.
Дар Нидерланд ду гурӯҳи бумии аҳолӣ — ҳолландиҳову фризҳо, ва ҳамчунин шумораи зиёди муҳоҷирин зиндагӣ мекунанд. Таркиби этникии аҳолӣ: 80,7 % — ҳолландиҳо, 2,4 % — немисҳо, 2,4 % — индонезиҳо, 2,2 % — туркҳо, 2 % — суриғамҳо, 2 % — марокашиҳо, 1,5 % — ҳиндуҳо, 0,8 % — антилианиҳо ва арубанҳо, ва 6,0 % — дигар гурӯҳҳои этникӣ. Таркиби аҳолӣ аз рӯи дину боварӣ: 33 % — протестантҳо[6] (ташкилоти калонтарини динии протестанӣ — Калисои протестантии Нидерланд (Protestantse Kerk in Nederland)), 31,27 % — католикҳо, 6 % — мусулмонон[7], 0,6 % — ҳиндуиҳо, 0,5 % — буддоиён[8], 2,2 % намояндагони дигар динҳо. Аҳолии Нидерланд қадбаландтарин дар олам аст: қади миёнаи мардон — 182,5 см, занон — 168,7 см[9].
Ба ҳисоби 1 октябри соли 2020 муҳоҷирин ва наслҳояшон 4,3 миллион нафар, ё 24,5 %-и аҳолии кишварро ташкил карданд[10].
Миқдори одамони босавод аз синни 15 то 65 ба вазъи соли 2011 10 994 000 нафарро ташкил медиҳад. Дар Нидерланд таҳсилоти ройгони ҳатмӣ барои кӯдакону наврасон то синни 16 аст. Дар мактаби ибтидоӣ кӯдакони аз синни 5-сола (бо хоҳиши волидон аз синни 4) то 12 сола таҳсил мекунанд. Он бо гуногунии зиёди барномаҳои мактабӣ ва фанҳо фарқ мекунад. Дар мактаби миёна, ки барои кӯдакони 12 то шонздаҳсола ҳатмист, раванди дарсӣ на онқадар гуногуният дорад. Маълумоти олиро метавон дар коллеҷ (hogescholen), донишгоҳ ё Донишгоҳи кушода (таҳсили фосилавӣ ё шабона) ба даст овард. Дар кишвар 14 донишгоҳ[3] (куҳантарин донишгоҳ дар Нидерланд — Лейден аст, ки ҳанӯз дар соли 1575 таъсис ёфтааст) ва Донишгоҳи кушода барои калонсолон фаъол аст. Мактаби олӣ асосан 6 соли таълимиро дар бар мегирад. Синни миёна — 42 солу 8 моҳ.[11]
Фарҳанг ва маданиятВироиш
Инҷоро ҳам бингаредВироиш
ПийвандҳоВироиш
Иттиҳоди Аврупо | |
---|---|
Австрия • Белгия • Булғористон • Дания • Ирландия • Испания • Италия • Кипр • Латвия • Литва • Люксембург • Малта • Маҷористон • Нидерланд • Олмон • Подшоҳии Муттаҳида • Лаҳистон • Португалия • Руминия • Словакия • Словения • Фаронса • Финланд • Чехия • Шветсия • Эстония • Юнон | |
- ↑ CIA — The World Factbook(англ.). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 августи 2011.
- ↑ Population; key figures(англ.). StatLine. Statistics Netherlands (5 April 2013). 9 октябри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 июли 2014.
- ↑ 3.0 3.1 Хатои ёдкард: Барчасби
<ref>
ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номиавтоссылка3
ворид нашудааст - ↑ The World Factbook — Central Intelligence Agency(англ.). www.cia.gov. 5 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 сентябри 2017.
- ↑ 5. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 январи 2012.
- ↑ Country comparisons: what stat did you mean?. www.nationmaster.com. 5 октябри 2017 санҷида шуд.
- ↑ Islam percentage muslim statistics — countries compared — Nationmaster. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 феврали 2010.
- ↑ By Country > Buddhism statistics — countries compared — NationMaster. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 сентябри 2011.
- ↑ Хейнс, Гэвин. Как голландцы стали самой высокой нацией на планете, обогнав американцев. Бойгонӣ шудааст 5 январи 2021 сол. Проверено 5 январи 2021.
- ↑ Hoeveel mensen met een migratieachtergrond wonen in Nederland?
- ↑ Europe :: Netherlands — The World Factbook - Central Intelligence Agency