Депрессияи Тоҷикистон

Депрессияи Тоҷикистон, депрессияи Тоҷи­кистону Афғонистон — пастхамии тектоникии байни­кӯҳӣ дар байни қ­аторкӯҳҳои Ҳисору Олой, Помир ва Ҳинду­куш.

Асосан қисми ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҷанубии Ҷумҳурии Узбекистон ва шимоли Афғо­нистонро дар бар мегирад. Таҳкурсии депрессияи Тоҷикистон аз ҷинсҳои бу­лӯрии токембрий ва терригению карбонатӣ, вулканзодию таҳшинӣ, инчунин интрузивии палеозой — ибтидои триас иборат буда, рӯи онро қабати ғафси ҷинсҳои таҳшинии эра­ҳои мезозою кайнозой пӯшидааст. Депрессияи Тоҷикистон дар тамоми эраи мезозой ва давраҳои палеогену неоген минтақаи ғунша­вии таҳшинҳои гуногунтаркиб буд. Табақаи таҳшинии депрессияи Тоҷикистон ба ду комплекс тақсим мешавад: поинӣ — плат формавӣ, ки таҳнишастҳои охири триас­палеогенро дар бар мегирад ва болоӣ — орогенӣ, ки аз таҳнишастҳои олиготсен — дав раи чорумин иборат аст. Комплекси поинии депрессияи Тоҷикистон, ки пастхамии платформавиро фаро гирифтааст, аз таҳнишаст­ҳои гуногунранги континентӣ, баҳрӣ ва халиҷӣ иборат мебошад ва аз 1,5 то 4,0 км ғафсӣ дорад. Комплекси бо­лоӣ — орогении депрессияи Тоҷикистон­ро ҷинсҳои молласии сурхранг (кон­г ломерат, регсанг, мосасанг, алевролит ва гил) ташкил медиҳанд, ки аз 3-4 то 6-8 км ғафсӣ доранд. Дар давоми эраи мезозой ва қисми аввали кайнозой сохти таҳкур­сиашро нигоҳ дошта, танҳо дар охири неоген ва давраи чо­румин дар сохти депрессияи Тоҷикистон тағйироти куллӣ ба амал омад, дар натиҷаи ҳаракатҳои тектоникӣ ба ҷои фурӯхамидагиҳо сох­торҳои мураккаби тектоникӣ (кӯҳу қатор­кӯҳҳо) пайдо шуданд ва шакли релеф ба намуди кунуниаш наздик гардид. Таҳнишастҳои ҳудуди депрессияи Тоҷикистон конҳои нафту газ, ангишт, намаки ош, варақсангҳои сӯзанда ва масолеҳи бинокорӣ доранд.

Адабиёт

вироиш