Палеоботаника
Палеоботаника (аз юн. παλαιός — «қадим» + юн.-қад. βοτανικός), палеофитология — як соҳаи ботаникаро гӯянд, ки рустаниҳои ҳафриёти (мурдарафта)-ро меомӯзад.
Вазифа
вироишВазифаи палеоботантка масъалаҳои ҳаматарафаи тадқиқи набототи гузаштан геологӣ, классификатсияи онҳо, муқаррар намудани муносибатҳои хешии ин рустаниҳо байни худ ва бо рустаниҳои ҳозира, ошкор намудани паҳншавии онҳо дар рӯи Замин, инчунин қонуниятҳои иваз шудани набототи рӯи Заминро дарбар мегирад. Палеоботантка ва палеозоология якҷоя палеогнтологияро ташкил медиҳанд.
Қисмҳои палеоботаника
вироишПалеоботаникаи систематики, палеоботаникаи морфологӣ, палеоботаникаи флористӣ, палеоэкология қисматҳои асосии палеоботаникаанд.
Палеоботаникаи систематикӣ систематикаи набототи гузаштаи геологиро, палеоботаника морфологӣ сохти онҳоро, палеоботаникаи флористӣ флораи ин ё он маҳалро дар давраи муайян ва зоҳир намудани ҷиҳатҳои муштарак ва ё фарқкунандаи онро аз флораи дигари ҳамсин, палеоэкология шароити зиндагии набототи гузаштаро меомӯзад. Маълумотҳое. ки ҳар яке аз ин қисматҳо ба даст меорад, дар раванди тадқиқот, қисматҳои дигар истифода мебаранд.
Илмҳои мустақили палеоботаника
вироишБа илмҳои мустақил ҷудо кардани палеоботаника ба дараҷаи то давраи мо дар кадом ҳолат омада расидани набототи қадима ва ба кадом узви рустани (барг, мева, тухм, спора, гард, чӯб ва ғайра) мансуб будани онҳо вобаста аст. Илме, ки асосан нақши баргу поя ва дигар қисмҳои рустаниҳои ҳафриётиро меомӯзад, ихтиофитология (аз юн. ichinos — нақш, пай, боқимонда) ном дорад. Эпидермаро палеостоматография (аз юн. Мота — сӯрохӣ), меваю тухм ва ҷапинро палеодиасиорология, спораю гардро палеопалинология, чӯбро палеоксилология (аз юн. хуlоn — дарахт), занбуруғҳоро палеомикология ва гиёҳҳои баҳриро палеофикология (аз юн. phikos — гиёҳи баҳрӣ) меомӯзад.
Таърих
вироишБоқимондаи рустаниҳои ҳафриёти дар шакли пораҳои санггаштаи чӯб, нақши баргҳо, қаҳрабо ва ғайра аз қадимулайём маълуманд. Дар охири садаи XVII ва садаи XVIII диққати тамоми муҳақиққон ба муайян кардани рустаниҳои ҳафриётӣ бо роҳи бо рустаниҳои ҳозира муқоиса намудани онҳо ва тартиб додани таснифоти типҳои боқимондаи рустаниҳо нигаронида шуда буд. Дар ибтидои садаи XIX Э. Ф. Шлотхейм, К. М. Штернберг, А. Броньяр ва дигарон ба палеоботаникаии муосир ва таснифоти рустаниҳои ҳафриётӣ асос гузоштанд. Дар пешрафти палеоботаникаи ватанӣ Я. Г. Зембинский саҳми калон дорад. Ӯ дар асарҳои худ рустаниҳои ҳафриётии маълум ва усулҳои гуногуни палеоботаникаро баён намуд. Дар ривоҷу равнақи палеоботанткаи рус ва шӯравӣ бошад, тадқиқоти Э, И. Эйхвалд, К. Е. Мерклин, И. Ф. Шмалгаузен, М. Д. Залесский, А. Н. Криштофович ва дигарон роли калон бозиданд.
Тадқиқоти палеоботаникӣ дар Тоҷикистон
вироишДар Тоҷикистон тадқиқоти палеоботаники солҳои 30 оғоз ёфт, ки он ба коркарди натиҷаҳои эксиедисияи комплексии омӯзиши сарватҳои табиии республика зич алоқаманд аст. Соли 1941 дар назди Филиали тоҷикистонии Институти ботаникаи АФ СССР шуъбаи палеоботаника кушода шуд. Аввалин тадқиқоти палеоботаникҳои республика ба омӯзиши рустаниҳои мезозой қадим ва мезозой, инчунин флораи ҳавзаи ангиштсанги Фоняғноби давраи Юра бахшида шуда буд. Дар ибтидои солҳои 40 А. Н. Криштофович флораи қабатҳои болоии давраи неогени Дарвозро баён намуд. Аз солҳои 50 флораи давраи неоген ва антропогени мавзеъҳои гуногуни республика мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд.
Палеолитии муосир дар баробари ҳал намудани масъалаҳои умумии назариявӣ ва амалии биологияю геология, инчунин таксонҳои алоҳидаи рустаниҳои ҳафриётиро меомӯзад ва таърихи олами набототи рӯи заминро тадқиқ менамояд. Асарҳои илмӣ оид ба палеоботаника дар ИҶШС дар «Ботанический журнал СССР» (аз 1916), «Палеонтологический журнал» (аз 1959) ва дигар нашрияҳои даврӣ чоп мешаванд. Дар назди Ҷамъияти умумниттифоқии ботаникҳо ва Ҷамъияти умумииттифоқии палеоптологҳо сексияи палеоботаника вуҷуд дорад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Криштофович А. Н., История палеоботаники в СССР. Л., 1956;
- Овчинников П. Н., Лазарева М. С., Новые материалы по неогеновой флоре Памиро-Алан, «Пав. АН Таджикской СССР, отд. биол. наук», в. 2 (9), 1962;
- Флора и растительность ущелья реки Варзобу Л., 1971.
Сарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.