Деҳоти Баҳор (н. Файзобод)

шаҳри қадима дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон
(Тағйири масир аз Деҳоти Вашгирд)

Баҳор (то 19 июни 2024 — ҷамоати Вашгирд[1]) — ҷамоати деҳот дар ноҳияи Файзобод.

Деҳот
Деҳоти Баҳор
Кишвар  [[|]]
Тобеъи Ноҳияи Файзобод
Шомили 4 деҳа, 615 хоҷагӣ
Маркази маъмурӣ Лолагӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис соли 1992
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 4 590 нафар нафар (2010)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон +992 3135
Домени интернет tj
Коди мошинҳо TJ08
Деҳоти Баҳор дар харита

Соли 1992 дар заминаи ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод ва Файзобод ташкил карда шудааст. Дар ҳудуди ҷамоати деҳот 4 деҳа — Лолагӣ, Шахтакиён, Сино (Қошқарӣ) ва Баҳористон (Қалошӣ) ҷойгиранд. Ҷамоат дар қисми ҷанубии ноҳия, 38 км аз шаҳри Душанбе, дар шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ воқеъ гардидааст. Аҳолиаш — 4590 нафар (2010), тоҷикон. Аз 615 хоҷагӣ иборат мебошад. Дар ҳудуди ҷамоат 3 муасисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 мактаби ибтидоӣ, 2 маркази саломатӣ, 2 китобхона, 1 боғчаи бачагона, ҶСК «Мурғи ҳилол», ҶСК «Мурғи марҷон», 71 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби нӯшокӣ фаъолият доранд. Солҳои 1992—2000 Файзуллоев Қудратулло, 2000 - 2005 Сайфиддинова Рисолат раисони ҷамоат буданд. Аз соли 2005 вазифаи раиси ҷамоатро Сатторов Абдуҷаббор ба уҳда дорад.[2]

Пайвандҳо

вироиш
  1. ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН » Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон(рус.). Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 15 июли 2024 санҷида шуд.
  2. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.