Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев
Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев — ҳоҷагидори кордон, раиси колхози "Москва" (ки, баъди вафоташ ба номи ӯ гузошта шудааст), ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, вакили анҷуманҳои Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва ИҶШС.
Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев | |
Таърихи таваллуд | 1901 |
Зодгоҳ | Ноҳияи Ғафуров собиқ уезди Хуҷанд, вилояти Фарғона, империяи Русия |
Таърихи даргузашт | 14 сентябр 1967 |
Маҳалли даргузашт | Ноҳияи Ғафуров, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | |
Пеша | сиёсатмадор |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишСаидхоҷа Ӯрунхоҷаев соли 1901 дар деҳаи Шайхбурҳони уезди Хуҷанди вилояти Фарғона, империяи Русия ба дунё омадааст. Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1941-1945. Солҳои 1936-1952 дар якчанд колхозҳои вилояти Ленинобод ҳамчун раиси колхоз кор карда ном баровардааст. Солҳои 1952-1967 ӯ дар колхози ба номи "Москва" раисиро ба уҳда гирифта хоҷагиро ба колхози пешқадами пахтакорӣ дар Тоҷикистон табдил додааст, ки даромади солонаи он зиёда аз 20 миллион рубли советиро ташкил мекард. Дар солҳои раисии Ӯрунхоҷаев дар колхоз боз 18 нафар шахсон барои кордонию хоҷагидории намунавӣ бо унвони фахрии Қаҳрамонҳои меҳнати сотсиалистӣ мукофотонида шуда меҳнат мекарданд.
Инчунин колхози номбурда ва раиси он дар Тоҷикистон бо сохтмон ва бунёди Қасри Арбоб машҳур шудаанд. Дар сохтмони азими Қасри Арбоб дар баробари мардуми маҳаллӣ намояндагони дигар халқу миллатҳо ҳам иштирок кардаанд. Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев барои ёрӣ аз Ленинград олимон, рассомон, ҳайкалтарошонро даъват намуд. Устохонаҳои рангуборпазӣ, гаҷкорӣ, ҳайкалрезӣ ва лабораторияҳои махсус ташкил шуданд. Дар онҳо таҷрибаи устодони маҳаллӣ бо комёбиҳои илм пайваст карда мешуд. Бояд қайд кард, ки устоҳои аз Ленинград омада, кори устоҳои маҳаллиро дида хеле писандиданд.
Қасри бошукӯҳ дар арафаи 40 - солагии Октябри Кабир, 6 ноябри соли 1957 пурра ба истифода дода шуд. Рӯзи маросими ифтитоҳи Қаср теппаи Арбоб ба идҷои бузурги халқӣ табдил ёфт.
Аз рӯи лоиҳа ба сохтмону ҷиҳозонидани Қасри маданият камаш 50 миллион сӯм сарф мешуд. Аммо аз сабаби он, ки қасрро асосан худи колхозчиён бо усули ҳашар сохтанд, ба он ҳамагӣ 12 миллион сӯм масраф гардид. Ин ба ҳисоби пули соли 1961-ӯм 1 миллиону 200 ҳазор сӯм буд.
Аз рӯзҳои кушодашавӣ то имрӯз Қасри Арбоб (ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев) - «Петергофи Унҷӣ», «Петродворетси хурд»-ро гирифтааст.
Бояд қайд кард, ки тамоми сохтмони ин иморати баланд бе кранҳои борбардор ва умуман бе ёрдами техникаи ҳозиразамон, балки бо усули халқӣ сохта шудаанд. Як ҷузъи пайвасти Қасри маданият фаввораҳои саҳни беруни он мебошад. Фаввораҳо ба ҳусни Қаср ҳусн зам мекунад. Як худи фаввораи болоӣ дорои сад лӯлаи оббардор буда, дохили ҳавзи онро кӯракҳои лола зеб медиҳанд. Агар чароғакҳои дохили ҳавз равшан шавад, оби фаввораҳо рангоранг шуда, манзараи беандоза зебое ба вуҷуд меояд. Лоиҳаи фаввораро мутахассисони Ленинград тайёр намудаанд.[1]
Ӯ вакили анҷуманҳои Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва ИҶШС ва инчунин вакили анҷуманҳои 21-23 КПСС низ буд.
Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев 14 сентябри соли 1967 дар зодгоҳаш деҳаи Шайхбурҳони Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оламро падруд гуфтааст ва назди шафати Қасри Арбоб ба хок супорида шудааст.
Ҷоизаҳо
вироиш- ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ,
- се ордени Ленин,
- чор ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
- ордени Ҷанги Ватанӣ, дараҷа I ва диг
Адабиёт
вироиш- Усмонҷон Ғаффоров. Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев. - Хуҷанд:Варорӯд,2001. - 300 с.