Ҷамоати Ҳиҷборак — ҷамоатест дар ноҳияи Рашти Тоҷикистон, ки тобеи марказ мебошад.

Деҳот
Деҳоти Ҳиҷборак
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Ноҳияи Рашт
Шомили 14 деҳа
Маркази маъмурӣ Ҳиҷборак
Таърих ва ҷуғрофиё
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 5 609 нафар нафар (2017)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон +992 3131
Домени интернет .tj
Коди мошинҳо TJ08
Деҳоти Ҳиҷборак дар харита

Таърих

вироиш

Бо Укази аз 27 июни соли 1944 дар ноҳияи Ғарм аз ҳисоби хӯрдкунии деҳшӯрои Яхак-паст деҳшӯрои Ҳиҷборак бо марказаш дар деҳаи Ярхоби Калон ташкил карда шуд, ки ба он деҳаҳои Худрӯён, Ярхоби Калон, Дараи Ангур, Қалъаи Чаки боло, Қалъаи Чаки поён, Хичборак, Камолиён, Бодровак, Бодумлуч, Талхакчашма, Қизирло, Ярхоби чуқурак ва Тарғок (ҳамагӣ 13 деҳа) ворид карда шуданд.

16 августи соли 1944 бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон деҳаҳои Заронгак, Хулак, Уштурпаст, Курчин ва Шомор аз деҳшӯрои Лангаришоҳи ноҳияи Қалъаи Лабиоб ба ҳайати деҳшӯрои Хичбораки ноҳияи Ғарм дохил карда шуданд.

Бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 26 декабри соли 1952 деҳшӯрои Булқос барҳам дода, қаламрави он ба хайати деҳшӯрои Хичборак дохил карда шуд.

5 ноябри соли 1954 маркази маъмурии деҳшӯрои Ҳиҷборак аз деҳаи Ярхаби-Калон ба деҳаи Ҳиҷборак кучонида шуд.

7 августи соли 1959 бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон деҳшӯрои Ҳиҷборак барҳам дода, қаламрави он ба деҳшӯрои Қалъанак дода шуд[1].

Он соли 1963 аз сари нав чун деҳшӯрои Ҳиҷборак ноҳияи Ғарм аз нав ташкил карда шуд[2].

Деҳаҳои ҷамоат

вироиш
  1. Всё о Таджикистане - Джамоат Хиджборак. Telegraph (9 Январ 2023). 9 Январ 2023 санҷида шуд.
  2. Всё о Таджикистане - Указ от 04.01.1963 г.. tojkiston.ucoz.ru. 9 Январ 2023 санҷида шуд.