Open main menu

Диктатураи ҳарбӣ - аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш ҳокимияти номаҳдуди ҳарбӣ аст. Он ҳокимияти сиёсии гурӯҳ ё доираи шахсони бо истифодаи бевоситаи яроқ бавуҷудомада мебошад. Диктатураи ҳарбӣ дар шаклҳоӣ гуногун ба вуҷуд омада, шаклан идоракунии гражданӣ, вале воқеан идоракунии ҳарбӣ мебошад. Дар диктатураи ҳарбӣ ошкоро барқарор кардани ҳокимияти ҳарбӣ мушоҳида шуда, идоракунии ҳарбиву гражданӣ ба ҳам омехта карда мешавад. Нишонаҳое, ки ба диктатураи ҳарбӣ мансуб дониста мешаванд, инҳоянд:

  • ҳокимияти номаҳдуд ва бетартиб,
  • вуҷуд надоштани механизми ҳуқуқй,
  • манъи фаъолияти ҳизбҳо ва ташкилотҳо,
  • назорати ҳарбиён аз болои воситаи ахбори умум,
  • маҳдуд шудан ё аз байн рафтани ҳуқуқу озодиҳо. [1]

НигаредВироиш

МанбаъВироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 156