Дилбар Қосимова
Дилбар Қосимова (29 ноябри 1936 — 7 декабри 2006) — ҳунарпешаи синамо тоҷик, Узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон ва СССР (1959). Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1960).[1]
Дилбар Қосимова | |
| |
Таърихи таваллуд: | 29 ноябр 1936 |
Таърихи даргузашт | 7 декабр 2006 (70 сол) |
Касб: | ҳунарпеша |
IMDb: | ID 4896806 |
Эҷодиёт
вироишМаъруфтарин нақшҳои ӯ — Зебо дар филми «Вақти зангирии писар», ҳамсари Хӯҷа Насриддин дар «Насриддин аз Хуҷанд ё Шоҳзодаи зебо», Нӯшофарин дар «Коваи оҳангар» ва Нигина дар «Қисмати шоир» мебошанд. Аввалин нақшашро дар филми тоҷикӣ Дилбар Қосимова соли 1958 дар филми «Вазифаи баланд» (нақши Зулфия) иҷро кардааст.[2] Нақши Нигина маҳбубаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар филми «Қисмати шоир» ба Дилбар Қосимова шуҳрати оламгир овард. Барои иҷрои ин қаҳрамони филм ӯ дорандаи дипломи Фестивали байналмилали мамолики Осиё ва Африқо дар ш. Қоҳира (1960) шудааст. Аз соли 1962 то 1964 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият намудааст. Солҳои минбаъда касби режиссёри дубляжро азхуд намуда дар киностудия кор кардааст ва дар тарҷумаи филмҳо саҳм гузоштааст.[3][4] Дилбар Қосимова ҳамеша як зиндагии хоксорона доштааст. Ҳамсари коргардон Равшан Тӯрабеков ва модари ду духтар (Нигина ва Заррина) то охири умраш дар як манзили сехонагӣ дар Душанбе аз ҳисоби нафақааш зиндагӣ мекард. Ҳеч яке аз фарзандонаш роҳи ӯро интихоб накард. Дар соли 2006 дар манзили худ дар ҳалқаи азизон даргузашт.[2]