Дилором Ҷӯрабекова
Рачабали Назаров Роги
Дилором Ҷӯрабекова (зод. 27 марти 1939, Самарқанд) — риёзидон, номзади илмҳои физика ва математика (1970), дотсент (1980).
Дилором Ҷӯрабекова | |
Таърихи таваллуд | 27 март 1939 (85 сол) |
Зодгоҳ | Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | риёзиёт |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1957– 1962 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, 1962–1963 лаборанти калон, 1963–1965 ассистенти кафедраи математика, 1969–1976 муаллими калони кафедраи анализи математикии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Солҳои 1980–2004 ҳамчун дотсенти кафедраи геометрия, 2004–2008 мудири кафедраи геометрияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор кардааст. Аз соли 2008 дотсенти кафедраи геометрияи донишгоҳи мазкур мебошад. Муаллифи зиёда аз 25 корҳои илмию методӣ аст.
Осор
вироиш- Табдилоти геометрӣ дар курси математикаи синфҳои 6-7 (Ба ёрии муаллим), Д., 1976;
- Дастури методӣ оид ба ҳалли масъалаҳои геометрӣ, Д., 1982;
- Корҳои контролӣ аз геометрия (Барои донишҷӯёни ғоибхон, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1984;
- Практикуми ҳалли масъалаҳои планиметрӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1989.