Дилрабо Сайдулло Мансурӣ (29 январи 1974, Хуҷанд) — ходими давлатӣ, омӯзгор, доктори илмҳои техникӣ, профессор (2014), Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020—2024).[1] Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2024).

Дилрабо Мансурова
Дилрабо Сайдулло Мансурӣ
парчам
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
парчам
аз 29 январи 2024
Пешгузашта Матлубахон Сатториён
Таваллуд 29 январ 1974(1974-01-29) (50 сол)
Дараҷаи илмӣ доктори илмҳои техникӣ
Ҷоизаҳо Ордени Шараф дараҷаи 2, (2021) Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010)

Зиндагинома

вироиш

Дилрабо Мансурӣ 29 январи соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Солҳои 1991—1996 дар Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҳсил кардааст.

Хонавода

вироиш

Дилрабо Мансурӣ оиладор ва соҳиби 3 нафар фарзанд аст.

Корнома

вироиш

Соли 1997 лаборанти калони кафедраи «Ресандагӣ ва иқтисодиёти соҳа»-и Филиали Хуҷандии ДТТ, 1997—2001 ассистенти кафедраи «Технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии ДТТ, 2001—2005 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «Технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии ДТТ, 2005—2008 мудири кафедраи «Технологияи саноати бофандагӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и Филиали Хуҷандии ДТТ, 2008—2010 дотсенти кафедраи «Технологияи саноати бофандагӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ»-и ДТТ, 2010—2014 муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии ДТТ, 2014—2015 директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ буд.

Солҳои 2015—2020 Вакили Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия (даъвати панҷум)[2][3]

Вакилӣ

вироиш

Аз 1 марти соли 2020[4] то 29 январи соли 2024 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати шашум) буд.

Аз 29 январи соли 2024 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тъйин шудааст[5].

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Соли 2004 рисолаи номзадашро дар мавзӯи «Коркард ва асоснокии бузургиҳои механизми бадандиҳандаи ресмони поёнии мошинҳои чокдӯзии дуресмонаи занҷирмонанд» дар Шӯрои диссертатсионии дар назди Академияи муҳандисӣ ва Пажӯҳишгоҳи мошиншиносии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ва соли 2009 рисолаи докториро дар мавзӯи «Таҳлили кинематикӣ ва динамикии механизмҳои чаҳорбанди фишангдор дар алоқаи чандири олатҳои кории мошинҳои дӯзандагӣ» дар Шӯрои диссертатсионии назди Пажӯҳишгоҳи мошиншиносии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек ҳимоя кардааст.

Таълифот

вироиш

Муаллифи беш аз 140 кори илмӣ, аз он ҷумла: 2 монография, 12 ихтироот, 98 мақола, 20 маърӯзаи мухтасар ва 9 дастури метод мебошад.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • ордени Шараф дараҷаи 2, (2021)
  • Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010)
  • Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Умаров
  • Медали нуқраи симпозиуми байналмилалии занони ихтироъкор, (Сеул, Кореяи Ҷанубӣ, 2013)[6]

Нигаред низ

вироиш