Дилшод Раҳмон

ҳуқуқшинос, доктори илмҳои ҳуқуқ (2020) , профессор
(Тағйири масир аз Дилшод Сафаров)

Дилшод Раҳмон (Раҳмон Дилшод Сафарбек, пештар Сафаров Дилшод Сафарбекович[1]; 7 декабри 1985, Кӯлоб) — ҳуқуқшинос, доктори илмҳои ҳуқуқ (2020)[2], профессор. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон[3].

Дилшод Раҳмон
Раҳмон Дилшод Сафарбек
Таърихи таваллуд 7 декабр 1985(1985-12-07) (38 сол)
Зодгоҳ Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ ҳуқуқшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Унвонҳои илмӣ профессор

Зиндагинома

вироиш

Дилшод Раҳмон 7 декабри соли 1985 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи муаллим таваллуд шудааст. Таҳсилоти ибтидоиро соли 1991 аз мактаби миёнаи № 28-и шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, солҳои 1995—1998 дар мактаби миёнаи № 54-и шаҳри Душанбе, солҳои 1999—2000 дар литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе идома додааст. Соли 2001 мактаб-литсейи № 55-и шаҳри Душанберо ба таври экстернӣ бомуваффақият хатм намудааст. Солҳои 2001—2006 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ таҳсил намудааст.

Корнома

вироиш
  • 2006—2012 — ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ;
  • 2012 — муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ;
  • 2012—2014 — муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои таълим;
  • 2014—2015 — муовини мудири шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2015—2016 — мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2016—2022 — декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад[4].

Аз 10 июни соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таъйин шудааст[5].

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Муаллифи зиёда аз 100 маводи интишорист. Мавзӯъи асосии таҳқиқот ва пажӯҳишҳои илмии ӯро масъалаву муаммоҳои таърихи ҳуқуқи инсон, дурнамои инкишофи падидаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҷаҳонишавӣ ва ҳуқуқ, низомҳои ҳуқуқӣ ва дурнамои рушди онҳо дар шароити ҷаҳонишавии ҳуқуқ ва ғайра ташкил медиҳанд.

Хонавода

вироиш

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.