Динозаврҳо
Динозаврҳо[1] (лот. Dinosauria) — забарқатори хазандаҳои мунқариз. Дар эраи мезозой зиндагӣ кардаанд.
Динозаврҳо | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
Dinosauria Owen, 1842 | ||||||||||
Таксонҳои хоҳар | ||||||||||
|
||||||||||
|
Тавсифоти илмӣ
вироишТавсифи илмии аввалини динозаврро солҳои 1824-25 дар Британия Кабир кардаанд. Истилоҳи «динозаврҳо»-ро соли 1841 зоолог ва палеонтологи англис Р. Оуэн барои ба ҷонварони бузургҷуссаи эраи мезозой пешниҳод карда буд. Нимаи дуввуми асри 19 палеонтологҳои амрикоӣ О. Марш ва Э. Коп оид ба дарёфти боқимондаи динозаврҳо дар ғарби Амрико корҳои ҳафриётӣ анҷом доданд. Ин раванд дар аввали асри 20 хеле ривоҷ ёфта, дар ИМА, Канада, Танзания, Германия, Аргентина, Муғулистон, Хитой, Руссия ва ғ. идома ёфт. Соли 2008 дар Тоҷикистон низ дар соҳили дарёчаи Харкуш (шохоби чапи дарёи Ширкенти ноҳияи Шаҳринав) изи пойҳои дар рӯи санг нақшбастаи динозаврҳо ёфт шудаанд. Аз рӯи тахмини олимон онҳо ба таҳнишастҳои давраи юраи болоии эраи мезозой (тахминан 150 млн сол пеш) мансуб мебошанд.
Динозаврҳо дар тӯли қисми зиёди эраи мезозой нисбат ба дигар мавҷудоти зиндаи заминӣ бештар буданд Онҳо дар муқоиса бо дигар хазандаҳо бо зиёд будани муҳраҳои қисми кос (беш аз 3 адад), сохти дарозрӯяи устухонҳои қисми тиҳигоҳи кос ва пеш ҷойгир будани банди зону фарқ мекарданд. Аз рӯи тахмини олимон динозаврҳо ҳайвоноти гармхун буда, ба воситаи тухм афзоиш мекарданд. Пайдоиши динозаврҳо аниқ маълум нест; тахмин меравад, ки онҳо аз текодонтҳо ба вуҷуд омадаанд.
Беш аз 1000 намуди динозаврҳо муқаррар карда шудаанд, ки мансуб ба 2 қатор — калтакалоскосҳо ва парандакосҳо мебошанд. динозаврҳои калтакалоскос қабурғаҳои шикамӣ дошта, канорҳои поини устухонҳои зиҳории коси онҳо ба ҳам пайваст шуда буданд, ангуштони панҷум ва чорумашон тахфиф гашта буд. Калтакалоскосҳоро ба қатори завропод ва теропод ҷудо мекунанд. Вазни завроподҳо даҳҳо тонн ва дарозиашон беш аз 30 м буд. Онҳо сари хурд ва гардани дароз дошта ба чаҳор пой такя мекарданд. Кафи пойҳои қафо барои роҳгардӣ мувофиқ шуда буд, ки ин хусусият дар дигар динозаврҳо дида намешуд. Дар нимаи дуввуми эраи мезозой неозавроподҳо-брахиозавроидейҳо, диплодокоидейҳо ва титанозаврҳо пайдо шуданд. Тероподҳо бо ду по роҳ мегаштанд ва баданашон бо пар пӯшида шуда буд. Тероподҳои хурд зоҳиран парандаҳоро мемонданд. Тероподҳо ба зерқаторҳои сератозаврҳо, карнозаврҳо, сегнозаврҳо, тираннозаврҳо, орнитомимозаврҳо, овирапторозаврҳо, дейнонихозаврҳо ва ғ. ҷудо карда мешаванд. Дар динозаврҳои парандакос ғилофаки дандон ва устухони қаблидандонии ҷоғи поён ташаккул ёфта, ангушти севвуми даст нисбатан калон буд, узвҳои муҳофизатӣ (шох, мисли белча ва хор будани устухонҳои пӯст) доштанд. Онҳо алаф мехӯрданд ва бо чаҳор по роҳ мегаштанд. Динозаврҳои парандакос ба зерқаторҳои зерин ҷудо карда мешаванд: анкилозаврҳо, орнитоподҳо, пахитсефалозаврҳо, стегозаврҳо ва сератонсияҳо. Олимон сабаби саросар маҳв гаштани динозаврҳоро дар охири давраи бӯр (тақр. 65 млн сол пеш) ба дигаргун шудани иқлим, тағйирёбии обу ҳаво, сардшавии муҳити зист, оташфишонии вулқонҳо, афтиши астероидҳо ба замин, халалдор шудани экосистемаҳои эраи мезозой ва ғ. марбут медонанд.
Устухонҳои коси орнитистӣ. Устухонҳои ҷав ба қафо нигаронида шудаанд | Устухонҳои коси Эдмонтозавр, узви орнитискиҳо | Устухонҳои коси косаҳои маъмулии калтакалос. Устухонҳои ҷав ба пеш мебароянд | Устухонҳои коси Тираннозавр, узви оилаи коси калтакалос |
Эзоҳ
вироиш- ↑ Основы палеонтологии : Справочник для палеонтологов и геологов СССР : в 15 т. / гл. ред. Ю. А. Орлов. — М. : Наука, 1964. — Т. 12 : Земноводные, пресмыкающиеся и птицы / под ред. А. К. Рождественского, Л. П. Татаринова. — С. 523. — 724 с. — 3 000 экз.
Адабиёт
вироиш- Михайлов К. По гнездовьям динозавров // «Вокруг света», январь 2007, № 1 (2796), рубрика «Спираль времени».
- Катина Н. Вооружение эпохи динозавров // «Вокруг света», июль 2008, № 7 (2814), рубрика «Спираль времени».
- Брусатти С. Время динозавров. Новая история древних ящеров = The Rise and Fall of the Dinosaurs: A New History of a Lost World. — М.: Альпина нон-фикшн, 2019. — 358 с. — ISBN 978-5-91671-893-5.
- Нэйш Д., Барретт П. Динозавры. 150 000 000 лет господства на Земле / науч. ред. д. б. н. Александр Аверьянов. — М.: Альпина нон-фикшн, 2019. — 223 с. — ISBN 978-5-91671-940-6.
- Хоун Д. Хроники тираннозавра. Биология и эволюция самого известного хищника в мире. — М.: Альпина нон-фикшн, 2017. — 358 с.