Дмитрий Иванович Блохинсев

Дми́трий Ива́нович Блохи́нцев (29 декабри 1907 (11 январи 1908), Маскав — 27 январи 1979, Дубна) — физикдони шӯравӣ, узви вобастаи АИ ИҶШС (1958) ва АИ ҶШС Украина (1939), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1956).

Блохинсев Дмитрий Иванович
Таърихи таваллуд 29 декабр 1907 (11 январ 1908)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 27 январ 1979(1979-01-27)[1] (71 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физики назарӣ[d] ва физик[3]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва метематика[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Игор Тамм
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Мукофоти ленинӣ Ҷоизаи давлатии СССР Мукофоти сталинӣ
Order of Cyril and Methodius
Вебгоҳ theor.jinr.ru/people/Blo…

Зиндагинома

вироиш

Университетидавлатии Маскавро хатм карда (1930), дар ҳамон ҷо дарс гуфтааст, профессориессор (1936). Солҳои 1935-47 инчунин дар Институти физикаи АИ ИҶШС кор кардааст. Аз соли 1947 сарвари лабараторияи илмию таҳқиқотии Обнинск, ки дар асоси он бо ташаббуси вай Институти физика ва энергетика таъсис ёфт. Солҳои 1956-65 директори Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ҳаста (Дубна), аз соли 1965 директори лабараторияи физикаи назариявии ҳамин институти Корҳои илмии Блохинсев асосан ба назарияи ҷисми сахт, физикаи нимноқилҳо, оптика, акустика, механикаи квантӣ ва электроникаи квантӣ, физикаи ҳаста, назарияи реакторҳои ҳастаӣ, назарияи квантии майдон, физикаи зарраҳои бунёдӣ, масъалаҳои фалсафӣ ва методологии физика бахшида шудаанд. Блохинсев дар рушди илм ва техникаи атомӣ саҳми калон гузошта. роҳбари лоиҳакашӣ ва сохтмони нахустин дар ҷаҳон нерӯгоҳи электрикии атомӣ буд (1954) Бо дастгирии С. П. Королёв барои ба энергияи атомӣ гузаронидани кори муҳаррикҳои киштиҳои кайҳонӣ ташаббус нишон додааст. Блохинсев. муаллифи нахустин китоби дарсӣ оид ба механикаи квантӣ аст. Аз 1967 мушовири Шӯрои илмии котиби генералии СММ буд. Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1957), Мукофоти сталинӣ (1952), Мукофоти давлатии СССР (1971). Бо 4 ордени Ленин, орденҳои Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Китобшиносӣ

вироиш

Китобҳо

вироиш
  • Блохинцев Д. И. Теория относительности Эйнштейна. — М.; Л.: Гостехиздат, 1940.
  • Блохинцев Д. И. Акустика неоднородной и движущейся среды. (1-е изд. — 1946 год) — 2-е изд., М.: Наука, 1981.
  • Блохинцев Д. И. Принципиальные вопросы квантовой механики. — М.: Наука, 1966.
  • Блохинцев Д. И. Рождение мирного атома. — Дубна, 1970.
  • Блохинцев Д. И. Стохастические пространства. — Дубна, 1971.
  • Блохинцев Д. И. Основы квантовой механики. Учебное пособие. — 5-е изд., М.: Наука, 1976.
  • Блохинцев Д. И. Квантовая механика (лекции по избранным вопросам)". 1981.
  • Блохинцев Д. И. Квантовая механика. — М.: Атомиздат, 1981.
  • Блохинцев Д. И. Пространство и время в микромире. — 2-е изд., М.:Наука, 1982.
  • Блохинцев Д. И. Что такое теория относительности?
  • Блохинцев Д. И. Труды по методологическим проблемам физики. — М.: Изд-во МГУ, 1993. — 237 с. — ISBN 5-211-01605-X
  • Блохинцев Д. И. Избранные труды. Т. 1-2. — М.: Физматлит, 2009.
  • Блохинцев Д. И. Основы квантовой механики. Учебное пособие. — М., 2015.

Дигарҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш