Доббатуларз (ар. دابة الأرض‎ – мавҷудоти олам, ҷонвари замин), Доббатуссоат — дар ривоятҳои исломӣ ҳайвони азимҷуссаест, ки дар охирзамон пеш ва ё пас аз тулӯи Офтоб аз тарафи офтобшин мебарояд ва пас аз хурӯҷи Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ севвумин аломати пеш аз қиёмат мебошад.

Тавсифот дар сарчашмаҳои тафсирӣ ва ҳадисӣ

вироиш

Дар манбаъҳои тафсирӣ ва ҳадисӣ тавсифоти мухталифе аз Доббатуларз, авзоъ ва аҳволи зуҳур, замон ва макони пайдоиш ва шаклу шамоили он омадааст. Доббатуларз мавҷуде ғайриинсонӣ, бо думи гӯсфанд, сина ва поҳои шутур, сари говмеш, чашмони хук, гӯшҳои фил, шохҳои гавазн, ранги бабр, паҳлуҳои гурбаву гов ва сурати инсон тасвир шудааст. Фосилаи миёни пойҳояш 12 ва ҳар як қадамаш 60 газ будааст. Макони зуҳури Доббатуларз Масҷидулҳаром, кӯҳи Сафо, водиҳои Тиҳома, байни Сафо ва Марва, масҷиди Кӯфа ё шаҳри Тоиф дониста шудааст. Дар афсонае Доббатуларз ҳамон море аст, ки дар даруни Каъба буд ва ҳангоме Қурайш қасди навсозии бинои Каъбаро доштанд, уқобе онро дар гӯристони Ҳаҷун андохт ва замин онро фурӯ бурд. Доббатуларз ҳамон ҷонваре будааст, ки аз замин берун омада, бо мардум бо забони арабӣ сухан мегӯяд ва касеро аз вай гурез нест; асои Мусо ва ангуштарии Сулаймонро бо худ ҳамроҳ дорад, бар пешонаи муъминон муҳре мениҳад ва бар он «ҳаза муъмин» навишта мешавад, бар чеҳраи кофирон низ нишоне мегузорад ва дар он «ҳаза кофир» навишта мешавад. Пас аз он мардум якдигарро на ба ном, балки «муъмин» ва «кофир» садо мекунанд.

Адабиёт

вироиш
  • Боқизода А. Имоми Аъзам бузургмарде дар таърихи башарият. Д., 2009;
  • Боқизода А. Имом Абуҳанифа дар бораи арзишҳои эътиқодии ислом. Д., 2013;
  • Али-заде, А. А. [Даббат аль-Арз Даббат аль-ард] : [арх. 1 октября 2011] // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007.
  • Manouchehri, Faramarz Haj and Abbas, Najam, “Dābbat al-Arḍ”, in: Encyclopaedia Islamica, Editors-in-Chief: Wilferd Madelung and, Farhad Daftary.
  • دائرة المعارف فارسی. تهران، 1387 ش.؛
  • دهخدا علی اکبر. لغت نامه. جلد 7. تهران، 1998.

Сарчашма

вироиш