Додоҷон Раҷабӣ
Додоҷон Раҷабӣ - рӯзноманигор, адиб, Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1964) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1982). Аълочии матбуоти Тоҷикистон
Додоҷон Раҷабӣ | |
Таърихи таваллуд | 12 январ 1938 |
Зодгоҳ | шаҳри Хуҷанд |
Таърихи даргузашт | 17 ноябр 2012 |
Пеша | нависанда |
Зиндагинома
вироишДодоҷон Раҷабӣ 12 январи соли 1938 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи тоҷики Институти давлатии педагогии шаҳри Хуҷанд (холо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров)-ро хатм намуда- аст. Дар вазифаҳои хабарнигор, мудири шуъба дар рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ленинобод», «Комсомоли Тоҷикистон» (1963-1968), муҳаррир, муҳаррири калон ва сармуҳаррири бахши саноат ва сохтмон, мудири бахши гуфтор оид ба мамолики хориҷии Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ (1969-1982), котиби масъули ҳафтано- майи «Адабиёт ва санъат» (1982-1990) кор кардааст. Солҳои 1990-1992 ба сифати ҷонишини Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», 1992-1998 мудири шуъбаҳои гуногуни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, 1998-2000 сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод», 2000-2009 роҳбари дафтари матбуоти Идораи кишоварзии вилояти Суғд фаъолият дошт. 17 ноябри соли 2012 аз олам даргузашт[1]
Эҷодиёт
вироишКитоби ҳикояҳо ва повестҳояш бо номи «Дилсӯз» (1963), «Кулчаи зағора» (1974), «Шабе, ки борон меборид» (1978), Садои мардум 63 «Модари нав» (1982), «Борон чағона мезад» (1985), «Сари роҳи Каҳкашон» (1988), қиссаҳои адабию таърихиаш - «Ос- мони хамида» (1998), китобҳои бачагонааш - «Анори дона- дона» (2003), «Ҳофиз ва Сабоҳат» (2004) ва асари дуҷилда- аш таҳти унвони «Алам» ва «Дар миёни чор дарё» (2007) чоп шудаанд. Китоби қиссаҳои адабию бадеии «Осмони хамида» (1998) сазовори Ҷоизаи адабии вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ гаштааст. Қисме аз ин осор бо забонҳои халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума ва нашр гардидаанд.[2] Қиссаи «Модари нав» дар нашриёти «Детская литература» (Маскав, 1990) ба табъ расидааст. Маҷмӯаи ҳикояҳои «Дилсӯзӣ» дар нашриёти «Мектеп»-и Ҷумҳурии Қирғизистон ба забони қирғизӣ мунташир гардидааст. Асарҳои саҳнавии «Дастҳоро кушоед» дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва «Ишқи араб» дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Асарҳои алоҳидаи П. Мериме, Р. Такур, А.П. Чехов, А. Ахматова, М. Зощенко, И. Шамякин, А. Алексин, М. Левин, Е. Симонайтите, К. Абдусаломов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.[3]
Мукофот
вироиш- Бо унвони Корманди хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1988),
- медали «Барои меҳнати шоён» (1998),
- Барандаи Ҷоизаи адабии вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ.
- дорандаи медалҳои «Собиқадори меҳнат» ва «Бунёди сулҳи шӯравӣ».
Эзоҳ
вироиш- ↑ Додоҷон Раҷабӣ. 5 марти 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 августи 2017.
- ↑ Komusi-Sadoi-mardum
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 201-202 ISBN 978-99947-2-379-9