Доира (соз)

(Тағйири масир аз Дойра)

Доира ё Дойра ё Даф (номгузориҳои дигар: dāira, daire, dāireh, dairea, dārīa, dahira, dāyere, dayre, dajre, dara, doira, doyra) — асбоби мусиқии доирашакл буда ҳалқаҷаҳо дорад, ки барои навохтани мусиқии классикӣ ва муосир дар Эрон, Туркия, Озорбойҷон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна истифода бурда мешавад.

Доирадаст, миниётури Исфаҳон, Эрон
Доирадаст, миниётури Исфаҳон, Эрон
Доирадастони ансамбли «Навруз»-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 70-ӯм
Доирадастон бо ҳамовозии карнаю сурнай, Ҳисор, соли 2015
Доирадастон,Хуҷанд

Шиносоӣ

вироиш

Доира дорои сохтори одӣ ва таъсири маънавӣ ва фароғатӣ дорад. Андозаи чаҳорчӯбаи доира одатан даврашакл, аз чӯб, бо пӯсти чорво ва гирдогирд бо ҳалқаҷаҳои филизӣ сохта мешаванд . Доираҳо андозаҳои гуногун доранд; Дар доираҳое андозааш калонтар аст, асосан аз ҷониби мардон дар расму ойин ва базм навохта ва доираҳои андозааш миёна асосан аз тарафи занон навохта мешаванд. Номгузории доира ва ба ҳамин монанд созҳои зарбӣ дар кишварҳои қадиму асримиёнагии Осиёи Марказӣ ва Форс аз он шабоҳат медиҳад, ки чунин созҳои мусиқии зарбӣ аз қадим байни халқҳои минтақаи Ховари Миёна маъмул будаанд. Минбаъд, сози мусикӣ дар натиҷаи ҳамгироии фарҳанги исломӣ бо давлати Рум ба Аврупо маълум гардидааст. Ба забони Паҳлавӣ (форсӣ забони қадима номи доира дареҳ аст. Доира дар Озорбойҷон, ҳамчун ғавал ва баъзан даф номида мешавад дар рӯзҳои ид навохта мешавад.

Вақте ки доира менавозанд, доирадаст доираро бо дасти чапаш нигоҳ дошта бо дасту ангуштҳои росташ мезанад. Доира дар базму чашнҳои хонаводагӣ, махаллӣ, идҳои миллӣ ва давлатӣ доимо истифода бурда мешавад. Доиранавозиро хурду калон ва зану мардҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрону Озорбойҷон тез ёд гирифта менвозанд.

Доира дар Шашмақом

вироиш

Доира — дора, кӯбидан, зарба задан; Аз созҳои зарбии бостонӣ дар анъанаи иҷрои мардумони Осиёи Марказӣ, ки ҳудуди садояш номаълум аст. Доира иборат аз ду садо: яке паст ва онро «бум» (назди мардуми Хоразм «гӯп») ва дигарӣ баланд «бак» (тақ) гӯянд. Ду садои кӯтоҳи паиҳам омадаро «бакко» (так-так) ва «бака» номанд. Доира сози зарбии хеле маъмулу серистифода дар анъанаи иҷроӣ буда ва дар санъати мақомсароӣ нақши муассир дошта ва низоми зарбию авзонии мақомҳо бештар бар пояи усули доира сурат мегиранд. Сароянда ва донандагони мақом худ донанда ва иҷрогари хуби Доира ҳам ҳастанд. Дар санъати мақомҳо ҳар оҳанг ва тарона дорои зарбу авзони хосанд, аз ин маънӣ усули онҳо бо номи ҳамон оҳанг, тарона дар амалияи мусиқӣ мавриди истифода мешаванд: Усули Мухамас, Усули Талқин, Усули Тасниф, Усули Муғулча ва ғайра.[1]

Сохти доира

вироиш

Доира чаҳор қисм дорад: 1.Чаҳорчӯба (рамка) 2.пӯст 3. ангуштовезанда 4. ҳалқаҳо

  1. Чаҳорчӯба(аз чӯб). Даиметри чаҳорчӯба(рамкаи) доирашакл қариб 30 сантиметр. Ғафсиаш 3-5 сантиметр аст.
  2. Пӯст ба чаҳорчӯба часпонида шудааст. Бештар пӯсти буз истифода бурда мешавад.
  3. Ангуштовезанда(чангакҳо)барои бо ангушт доштани доира аст.
  4. Ҳалқаҳои доира дар гирдогирди чаҳорчӯба(рамкаи) доира часпонида шудаанд.
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 63 ISBN 978-99947-49-13-3

Пайвандҳо

вироиш