Домулло
Домулло (форсӣ: داملاّ) — мухотабест, ки ҳангоми муроҷиат (гуфтугӯ) ҳамчун арзи эҳтиром нисбат ба ходимони барҷаста, соҳибэътибор ва боиззати динӣ, илмиву адабӣ ва маорифу фарҳанг истифода бурда мешавад.
Таърих
вироишДомулло омӯзгори мактабҳои куҳнаро мегуфтанд[1], ки якчанд дараҷа доштаст:
- домуллои кунҷакӣ — муаллими дараҷаи дуюми мадраса, ки шогирдон аввал дарсашонро пеши ӯ хонда тайёр мекарданд ва баъд ба дарсхона рафта, дар пеши мударриси калон ҳамон дарсро мехонданд;
- домуллои дарсхонагӣ — дарсгӯй дар мадраса, ки дараҷааш аз мударрис пасттар будааст;
- домуллои сархат — муаллими ҳусни хат дар мактабҳои куҳна.
Рӯҳоният ва нишони эҳтиром
вироишБа рӯҳониён нисбат додани домулло ба урфу одати мардум вобаста буда, дар маъхазҳои фиқҳӣ зикр нагардидааст. Дар мактабҳои динӣ ва мадрасаҳо, таълимгоҳҳои олӣ, миёнаи махсус омӯзгорон (дотсенту проффессорон), шахсони фозилу обрӯманд ва соҳибмавқеи соҳаи илму фарҳанг ва адабиётро аз рӯи эҳтиром домулло мегӯянд. Дар Тоҷикистон бо номи бузургон пайванд кардани домулло роиҷ аст (ба монанди домулло Айнӣ, домулло Осимӣ ва ғайра).
Ҳамчунин нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Домулло чист? Маънои вожаи домулло(тоҷ.). Вожаҷӯ. vazhaju.com. 17 Январ 2018 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Домулло / Б. Боронов // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.