Домулло Толиб
Шайх Домулло Толиб (1878, деҳаи Бедак, Обигарм — 1954) — ориф, риёзидон ва мударриси тоҷик.
Шайх Домулло Толиб | |
---|---|
Домулло Толиб | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | ориф, мударрис |
Таърихи таваллуд: | 1878 |
Зодгоҳ: | деҳаи Бедак, Обигарм |
Таърихи даргузашт: | 1954 |
Маҳалли даргузашт: | ноҳияи Файзобод |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишМаълумоти ибтидоии диниро дар назди шайхони маъруф Домулло Марҳабо ва Домулло Фатҳуддин гирифтааст. Дар синни 17-18-солагӣ бо ҳидояти устодону наздикон ба Бухоро рафта, муддати 25 сол аз устодони олами ислом сабақ омӯхтааст. Ҳангоми таҳсил дар Бухоро муддати 6 моҳ дар мактаби давлатӣ, ки устодони аз Москва омада ба толибилмон забони лотинӣ меомӯхтанд, таҳсил намуда, забони лотиниро азбар кардааст. Сипас боз таҳсилро дар Мадрасаи Мири Араб идома дода, муддати 10 сол дар он ҷо мударрисӣ низ намудааст. Баъди хатми мадраса ба назди қозикалони Бухоро меравад. Қозикалон Домулло Толибро имтиҳон карда, ба ӯ 300 тангаи подшоҳӣ тақдим менамояд ва ба назди амири Бухоро меорад. Амир низ ба зеҳну ҳуши Домулло Толиб аҳсан гуфта, ба ӯ ҷома ва 1000 танга инъом намуда, мӯҳру ҳуҷҷати махсус дода, амр медиҳад, ки дар ҳар куҷое хоҳад, мадраса кушояд. Баъд аз он Домулло Толиб ба назди қозикалони Ҳисор меояд. Қозикалон ӯро ба зодгоҳаш Обигарм мефиристад. Домулло дар ин ҷо муддати 30 сол ба толибилмон дини исломро таълим дода, шогирдони зиёде ба воя мерасонад. Мутаасифона, аз чакидаҳои хомаи ӯ то замони мо чизе боқӣ намондааст. Пирони деҳ мегӯянд, ки ӯ аз таъқибу таҳдиди сиёсати зиддиисломии замони шӯравӣ тарсида, навиштаҳояшро бо китобҳояш дар ғоре пинҳон кардааст ва онҳо нобуд шудаанд. ӯ яке аз ҳисобдонҳои замони худ будааст ва дар ин бора дар байни мардум ривоятҳои зиёде мавҷуданд. Домулло Толиб соли 1954 вафот кард. Мадфани ӯ дар деҳаи Бобои Валӣ воқеъ буда, зиёратгоҳи эътиқодмандон гаштааст[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Д., 2011. СИЭМТ, — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4