Ҳабибуллоҳ Нозирӣ (5 январи 1958, деҳаи Партизани Сурх, ноҳияи Ленин, ҶШС Тоҷикистон — 5 апрели 2020, ноҳияи Рӯдакӣ) — шоири тоҷик, дорандаи «Ордени Шараф» (2014).

Ҳабибулло Нозирӣ
Таърихи таваллуд: 5 январ 1958(1958-01-05)
Зодгоҳ: деҳаи Партизани Сурх, ноҳияи Ленин, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 5 апрел 2020(2020-04-05) (62 сол)
Маҳалли даргузашт: ноҳияи Рӯдакӣ
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Ордени Шараф

Зиндагинома

вироиш

Ҳабибуллоҳ Нозирӣ 5 январи соли 1958 дар деҳаи Партизани Сурхи ноҳияи Ленин ба дунё омадааст. Соли 1974 мактаби миёна, соли 1976 Омӯзишгоҳи республикавии маданӣ-равшаннамоӣ, соли 1980 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо ба итмом расондааст.

Корнома

вироиш

Фаъолияташро аз соли 1980 ба ҳайси муаллими мактаби миёнаи № 10 ноҳияи Нуробод оғоз намуда, баъдан дар Сарредаксияи гуфторҳои адабӣ-драмавии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ фаъолият бурдааст. Муддате дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон тарҷумонӣ кардааст.

Солҳои 1986—2007 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошта, 10 сол сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва маҷаллаи русизабони «Помир», солҳои 2007—2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ, солҳои 2010—2012 муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ будааст. Аз соли 2014 сармуҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон» буд.

Эҷодиёт

вироиш

Аз солҳои донишандӯзӣ ба навиштани шеър иштиғол варзида, дар байни ҳаводорони каломи бадеъ ҳамчун шоири таронасаро шуҳрат ёфтааст. Шеърҳои аввалинаш дар маҷаллаву рӯзномаҳо ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ мунташир гардида, чанде аз онҳо дар тарҷумаи шоирони русу украин, арманию озарбойҷонӣ, молдавию латишӣ ва ғайра ба чоп расидаанд.

Муаллифи маҷмӯъаи шеъру қиссаҳои «Номаҳо» (1994), «Ҳамрози Ҳамадон» (1995), «Дар ҷустуҷӯи Домулло Толиб» (2000), «Шабоҳанг» (2003), «Ин ҷо манам, он ҷо туӣ» (2013) буда, гулчини «Сатрҳои оташин» (1999)-и Карим Девонаро ба чоп расондааст.

Охирин мачмуъаи шоир Хабибуллоҳ Нозири омодаи чоп буда, дар холи нашр аст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Барандаи Ҷоизаи Созмони ҷавонони Тоҷикистан (1996), дорандаи ордени «Шараф» (2014).

Даргузашт

вироиш

Ҳабибуллоҳ Нозирӣ вақтҳои ахир аз бемории ғадуди зери меъда ранҷ мекашид, субҳи 5 апрели соли 2020 дар синни 63-солагӣ даргузашт[1].

Сарчашма

вироиш
  • Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ). — Душанбе : «Адиб», 2014, — 320 саҳ. — С. 165. — ISBN 978-99947-2-379-9